ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт: "Дар замоне ки Маъмун амир буд, маҷлиси мунозара дошт, пас бо мардум марди яҳудие ворид шуд, ки либос ва чеҳраи зебо ва бӯи хуш дошт. Гуфт: Пас нек сухан гуфт. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро даъват кард ва ба ӯ гуфт: Исроилӣ?...
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ
Яҳё ибни Аксам гуфт: "Дар замоне ки Маъмун амир буд, маҷлиси мунозара дошт, пас бо мардум марди яҳудие ворид шуд, ки либос ва чеҳраи зебо ва бӯи хуш дошт. Гуфт: Пас нек сухан гуфт. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро даъват кард ва ба ӯ гуфт: Исроилӣ? Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Исломро қабул кун, то барои ту чунин ва чунон кунам ва ӯро ваъда дод.
Яҳудӣ гуфт: Дини ман ва дини падаронам ва рафт.
Гуфт: Пас аз як сол мусалмон шуда омад ва аз фиқҳ сухан кард ва хело хуб сухан кард. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро фарёд кард ва гуфт: Оё рафиқи дирӯзӣ мо нестӣ?
Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Чӣ сабаб шуд, ки Исломро қабул кардӣ?
Гуфт: Ман аз назди ту рафтам ва хостам, ки динҳоро имтиҳон кунам ва мебинӣ, ки хатти хуб дорам.
Пас ман ба Таврот рӯ овардам ва се нусха навиштам ва бар он илова ва кам кардам ва онро ба калисо бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман ба Инҷил рӯ овардам ва се нусха навиштам, илова ва кам кардам ва ба ибодатгоҳи насоро бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман рӯ ба Қуръон овардам ва се нусха аз он кардам ва ба он илова ва кам кардам ва ба назди китобу варақфурушон бурдам, пас ба он нигаристанд. Вақте диданд, ки дар он зиёду кам шуда аст, онро партофтанд ва нахариданд. Пас ман донистам, ки ин китоб ҳифзшуда аст.
Ин сабаби ислом овардани ман шуд.
Яҳё ибни Аксам гуфт: Он сол ман ҳаҷ рафтам ва бо Суфён ибни Уяйна вохӯрдам ва хабарро ба ӯ нақл кардам.
Ба ман гуфт: Далелу тасдиқи ин дар китоби Аллоҳ аст.
Гуфтам: Дар куҷои он аст? Гуфт: Дар фармудаи Аллоҳ таъоло дар мавзӯи Таврот ва Инҷил:
"Донишмандон ва парҳезгорон ба ҳифзи китоби Аллоҳ (Таврот) амршуда буданд". (Сураи Моида, ояти: 44). Пас ҳифзи Тавротро ба онҳо супурда шуда буд, пас зоеъ шуд.
Ва Аллоҳ азза ва ҷалла фармуд:
"Ба ростӣ ки Мо Қуръонро нозил кардем ва Мо онро ҳифз мекунем". (Сураи Ҳиҷр, ояти: 9).
Пас Аллоҳ ҷалла ва ало онро барои мо ҳифз кард, пас зоеъ нашуд". (Тафсири Қуртубӣ, 10/6).
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device