ҚАЛБИ ШИШАГИН - Забони Тоҷикӣ
القلب الزجاجي ҚАЛБИ ШИШАГИН Қалби банда ба мисли зарф аст, ки он байни нармӣ ва мулоимӣ ҷамъ шудааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳароина барои Аллоҳ аз аҳли рӯйи замин, яъне мардумон зарфе аст. Ва зарфи Парвардигоратон, ки дар он нури имонро ҳифз мекунад, он қалби бандагони солеҳ аст....
ҚАЛБИ ШИШАГИН - Забони Тоҷикӣ
القلب الزجاجي
ҚАЛБИ ШИШАГИН
Қалби банда ба мисли зарф аст, ки он байни нармӣ ва мулоимӣ ҷамъ шудааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳароина барои Аллоҳ аз аҳли рӯйи замин, яъне мардумон зарфе аст. Ва зарфи Парвардигоратон, ки дар он нури имонро ҳифз мекунад, он қалби бандагони солеҳ аст. Ва он дӯстдоштатарин қалб дар назди Аллоҳ таъолост».Табаронӣ
Қалби муъмин ба мисли чароғи равшан аст, софу нарм, боқуввату сахт ва нуронист. Он қалб ҳақро бо нураш мебинад ва онро бо нармиаш қабул мекунад ва бо қуввату сахтиаш ботилро рад мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Бор Илоҳо, дар қалбам нуре ато фармо». Бухорӣ ва Муслим.
Софу нарм гардидани қалб, бо тақвои Илоҳист. Паёмбарﷺ фармуданд:«Албатта бандае, ки хато ва гуноҳ мекунад ба қалбаш нуқтаи сиёҳе пайдо мешавад, пас агар аз он тавба кард, пок мегардад». Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҳаргиз чунин нест, балки он чи мекарданд, бар дилҳояшон занг бастааст». Мутаффифин 14.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٠_١٥-٥٦-٢٢.jpg | Download |
ҚАЛБИ ШИШАГИН - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device