ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА - Забони Тоҷикӣ
القلب الممسوخ ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА Барои гуноҳон азоб ва ҷазост, ки ба қалб ва ба ҷисм ҷорӣ мешавад: 1. Масх, яъне дигаргун гаштан ва ба шакли бад даромадани афту андоми инсон. Аллоҳ таъоло қавмеро аз Бани Исроил ба маймун ва ба хук табдил дод: “Пас ба онҳо гуфтем: Бузинаҳои хоршуда...
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА - Забони Тоҷикӣ
القلب الممسوخ
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА
Барои гуноҳон азоб ва ҷазост, ки ба қалб ва ба ҷисм ҷорӣ мешавад:
1. Масх, яъне дигаргун гаштан ва ба шакли бад даромадани афту андоми инсон. Аллоҳ таъоло қавмеро аз Бани Исроил ба маймун ва ба хук табдил дод: “Пас ба онҳо гуфтем: Бузинаҳои хоршуда бошед”. Бақара 65.
2.Дигаргун шудани қалби инсон, ки он ба мисли қалби ҳайвон гардад. Ва баъзе қалбҳо табдил ба қалби хук, саг, мор ва каждум ва ғайра аз ҳайвонҳо мегардад. Зеро Аллоҳ таъоло аҳли дӯзахро боре ба харҳо ва боре ба саг ва боре ба ҳайвонот монанд кард. Ва дигаргун гаштани шакли инсон ба онҳое амалӣ мешавад, ки дини Исломро дигаргун ва аз ҳақиқати он рӯй гардонда поймол карданд. Ба мисли он, ки дар ин замони мо рибо ва ришваро фоидаву ҳадия ва беҳиҷобиро илму ҳунар ва зиноро садақа ва дурӣ аз шариъатро нафъӣ кор номиданд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шумо он гуноҳони қавми Яҳудро такрор накунед, зеро бо майдатарин ҳилла ҳаромкардаҳои Аллоҳро ҳалол мегардонед”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٣_١٠-٢٠-٤١.jpg | Download |
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device