ҚАЛБИ СОЛИМ - Забони Тоҷикӣ
القلب السالم ҚАЛБИ СОЛИМ Яке аз дуоҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин буд, ки чунин мефармуданд: «Бор Илоҳо, аз Ту қалби солимро мепурсам». Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ. Қалби солим холис барои Аллоҳ аст, маъбуди дигаре надорад. Қалби солим ҳеҷ якеро ба ғайр аз Аллоҳ...
ҚАЛБИ СОЛИМ - Забони Тоҷикӣ
القلب السالم
ҚАЛБИ СОЛИМ
Яке аз дуоҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин буд, ки чунин мефармуданд: «Бор Илоҳо, аз Ту қалби солимро мепурсам». Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ.
Қалби солим холис барои Аллоҳ аст, маъбуди дигаре надорад.
Қалби солим ҳеҷ якеро ба ғайр аз Аллоҳ подшоҳ, корсоз ва амркунанда намебинад ва ҳар чизе медиҳад барои Аллоҳ медиҳад. Дӯстӣ ва душманиаш барои Аллоҳ аст. Қалби солим ҳаракате намекунад, магар ба корҳое, ки дар он розигии Парвардигор бошад. Қалби солим мегӯяд: «Шунидем, итоат мекунем». Ҳеҷгоҳ дар қалби солим тангӣ ва сиёҳие нест. Қалби солим аз шубҳаҳо ва амалҳои шаҳвонӣ, ки зидди имон аст, солим мондааст.
Аллоҳ таъоло аз Иброҳими Халил (алайҳис салом) қисса карда чунин мефармояд: «Ва маро рӯзе, ки мардумон барангехта шаванд, расво макун. Рӯзе, ки молу фарзандон фоида надиҳад, лекин соҳиби фоида он кас бувад, ки қалби солиму беайбро пеши Аллоҳ биёрад». Шуаро:87,89.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٠_١٥-٥٦-٣٠.jpg | Download |
ҚАЛБИ СОЛИМ - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device