ҚАЛБИ БОЙ | Забони Тоҷикӣ
قلب الغني ҚАЛБИ БОЙ Қалб чигуна бой будани худро ҳис мекунад? 1. Ба ғайр аз Аллоҳ ба касе такия накарда, танҳо ба Аллоҳ боварӣ кардан аст, на ба моле, ки дар даст дорад. Пас чи қадар хоксории банда дар назди Парвардигор зиёд гардад, ҳамон қадар бойии қалбаш комилтар шавад. 2. Ба ёд...
ҚАЛБИ БОЙ | Забони Тоҷикӣ
قلب الغني
ҚАЛБИ БОЙ
Қалб чигуна бой будани худро ҳис мекунад?
1. Ба ғайр аз Аллоҳ ба касе такия накарда, танҳо ба Аллоҳ боварӣ кардан аст, на ба моле, ки дар даст дорад. Пас чи қадар хоксории банда дар назди Парвардигор зиёд гардад, ҳамон қадар бойии қалбаш комилтар шавад.
2. Ба ёд овардани неъматҳои Парвардигор, ки онҳо хеле зиёданд ва шумор надоранд. Ва баъзе бандагон лоиқи ин неъматҳо нестанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Сарватманд будан бо доштани молу матои зиёд нест, балки сарвати воқеъӣ, ин бениёзии дарунӣ аст».
Бухорӣ ва Муслим.
3. Розӣ будан ба ризқи Парвардигор дар ато ва манъ. Зеро Аллоҳ таъоло бандаашро аз ризқ аз рӯйи бахилӣ манъ намекунад, балки манъи ӯ аз рӯйи раҳмат ва меҳрубонии ӯст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ончи Аллоҳ таъоло барои ту тақсим кардааст, розӣ бош, то аз бойтарин мардум гардӣ». Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٠_١٥-٥٥-٥١.jpg | Download |
ҚАЛБИ БОЙ | Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device