- Version
- Download 24
- File Size 291.77 KB
- File Count 1
- Create Date
- Last Updated March 4, 2024
ҒАЗАБ МАКУН!
Ғазаб макун, ғазаб макун, ғазаб макун, ҳамингуна Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чанд маротиба ин калимаро такрор карданд, зеро ин калима барои дур кардани ғазаб ва сабабҳои он аҳамияти бузург дорад. Ғазаб барои қалби инсон оташ ва барои чашмаш шарораи он аст. Ғазаб шиддат ва сахтӣ бар асаб ва суръати ҳаракат ба сӯйи қасос гирифтан ва роҳе ба сӯйи амали бад аст. Бисёр инсонҳое ҳастанд, ки ба торикии ғазаб гирифтор шуда қатъи силаи раҳм карданд ва оташи душманиро даргиронданд. Мусалмони оқилу доно ба хомӯш кардани оташи ғазаб пеш аз даргирифтани он ҳаракат мекунанд. Ба дурустӣ, ки дар суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва одобҳои Исломӣ сабабҳое омадааст, ки ёрӣ ба он медиҳад:
1. Хомӯш шудан. 2. Зикри Аллоҳ таъоло. 3. Паноҳ ҷӯстан аз шайтони рондашуда. 4. Тағйир додани ҳолати худ. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳаргоҳ яке аз шумо хашмгин шуд, агар рост истода бошад, бояд бинишинад ва агар хашму ғазаб аз ӯ бартараф нашуд, бояд ба паҳлуи худ дароз бикашад”. 5. Ба ёд орад, ки ғазаб инсонро ба пушаймонӣ ва оқибати бад мебарад. 6. Ба ёд овардани подоши парҳезгороне, ки аз омилҳои ғазаб дурӣ ҷӯстанд. Ба Абдуллоҳ ибни Муборак раҳимаҳуллоҳ гуфта шуд, ки барои мо ҳусни хулқро дар як калима ҷамъ карда зикр кунед. Пас фармуданд: Ҳусни хулқ дар як калима ин “тарки ғазаб” аст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Паҳлавонӣ дар бозуи қавӣ доштан нест, паҳлавон касе аст, ки худро дар вақти ғазаб нигаҳ дошта тавонад”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Attached Files
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-04_10-46-30.jpg | Download |