
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ
أيها الناس! سكرات الموت حق ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ Аллоҳ фармуд: "Ва саранҷом, сакарот ва бехудӣ дар остонаи марг ҳақиқатро пеши чашми ӯ меоварад ва ба инсон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!". (Сураи Қоф-19). Сакароти мавт, яъне сахтӣ ва фишори марг аст,...
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ
أيها الناس! سكرات الموت حق
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ
Аллоҳ фармуд: "Ва саранҷом, сакарот ва бехудӣ дар остонаи марг ҳақиқатро пеши чашми ӯ меоварад ва ба инсон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!". (Сураи Қоф-19). Сакароти мавт, яъне сахтӣ ва фишори марг аст, ки инсонро беҳӯш карда ва бар ақлаш ғолиб мешавад. Чуноне, ки дар ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли сакароти марг таҳти фишори он қарор гирифтанд. Ба гунае, ки арақро аз чеҳраи хеш пок мекарданд ва дар ҳамин вақт фармуданд; "Субҳоналлоҳ! Ҳамоно барои марг сахтиҳое аст". Аллоҳ таъоло фармудааст: "Чӣ гуна ба Аллоҳ кофир мешавед?! Дар ҳоле, ки шумо мурдагон ва ҷисмҳои берӯҳе будед ва Ў шуморо зинда кард, сипас шуморо мемиронад ва бори дигар шуморо зинда мекунад, сипас ба сӯи Ў бозгардонида мешавед". (Сураи Бақара-28). Ва фармудааст: “Бигӯ: Фариштаи марг, ки бар шумо маъмур шудааст, рӯҳи шуморо мегирад, сипас шуморо ба сӯи Парвардигоратон боз мегардонанд".(Сураи Саҷда-11). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бандаи муъмин вақте ки дар ҳолати куч бастан аз ин дунё ва рӯй овардан ба ҷаҳони охират мешавад, фариштагони нуронӣ ва бо чеҳраи дурахшон ба монанди офтоб аз осмон назди ӯ меоянд. Онҳо кафанҳое аз кафани биҳиштро бо худ ҳамроҳ доранд ва хушбӯйиҳое аз атрҳои биҳиштро низ бо худ меоваранд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, ба рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони муъмин дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегӯяд: "Эй соҳиби нафси покиза" дар ривояти дигар, "мутмаъина" (ором) ба суйи мағфират ва хушнудии Парвардигор берун биё! Пас он рӯҳ монанди қатраи даҳони машки об аз ҷасади муъмин берун меояд ва фаришта онро мегирад”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٣.jpg | Download |

ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025