
ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
لعله خير ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД Агар ба мусибате гирифтор гаштӣ, ки онро бад мебинӣ, ғамгин машав, шояд он барои ту хайр бошад. Аллоҳ фармуд:“Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш ва бад доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки вай барои...
ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
لعله خير
ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
Агар ба мусибате гирифтор гаштӣ, ки онро бад мебинӣ, ғамгин машав, шояд он барои ту хайр бошад. Аллоҳ фармуд:“Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш ва бад доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара:216. Пас агар ба шахси муъмин бадие расид, дилтанг нагашта ноумед намешавад. Зеро ӯ медонад, ки Донандаи ғайбҳо танҳо Аллоҳ аст, ки ба ӯ хайрро тақдир мекунад. Ва поёни корашро ба очи дӯст медорад, мерасонад. Дар ғазваи Бадр саҳобагон бад медиданд, ки бо Қурайшиҳо рӯ ба рӯ шаванд, зеро онҳо пурқувваттар буданд. Лекин Аллоҳ хост, то мусалмонон иззат ёбанд ва болои онҳо ғалаба кунанд. Ва зану шавҳар якдигарро бад мебинанд ва ба хотири Аллоҳ сабр мекунанд ва Аллоҳ ба онҳо фарзандони солеҳ насиб мекунад. Шахси мусалмон бо аз даст додани вазифаи худ ғамгин намегардад, ба Аллоҳ шукр мекунад ва Аллоҳ ба ӯ вазифаи осонтаре насиб мекунад, ки моҳонааш зиёдтар аст. Ва он ғуломбачае, ки ӯро Хизр алайҳис салом ба қатл расонид, агар дар ҳаёт мебуд, оқи волидайн мегашт. Пас Аллоҳ бар ивази он ғуломи солеҳеро насиб гардонд. Ва инчунин Аллоҳ мусибатро ба хурсандӣ иваз мекунад, агар сабр кард ва умеди аҷру савоб дошта бошад. Вақте, ки Абуталҳа ва ҳамсараш фарзандашонро аз даст доданд, сабр намуданд. Пас Паёмбар ﷺ дар ҳаққи онҳо дуо карда фармуданд: “Аллоҳ дар шаби ҳардуи онҳо баракат диҳад”. Пас Аллоҳ ба онҳо писарбачае насиб гардонид, ки аз ӯ дида дар байни Ансориҳо афзалтаре набуд”. Аҳмад. Пас ба он чизе, ки бад дидӣ ба он сабр бикун. Аллоҳ фармуд: “Ба ин гурӯҳ аз Парвардигорашон дурудҳо ва бахшоиш аст ва онҳо роҳёфтагонанд”. Бақара:157.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٢٦-٣٩.jpg | Download |

ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025