ШАЙТОН | Забони Тоҷикӣ
الشيطان ШАЙТОН Аллоҳ фармуд: “Дар ҳақиқат шайтон барои шумо душман аст, пас ӯро душман гиред, ҷуз ин нест, ки ӯ пайравони худро мехонад, то аз аҳли дӯзах бошанд”. Фотир:6. Шайтон аввалин душмани фарзандони Одам аст. Дар ҳар роҳи онҳо менишинад, то онҳоро гирифта ба сӯйи залолату...
ШАЙТОН | Забони Тоҷикӣ
الشيطان
ШАЙТОН
Аллоҳ фармуд: “Дар ҳақиқат шайтон барои шумо душман аст, пас ӯро душман гиред, ҷуз ин нест, ки ӯ пайравони худро мехонад, то аз аҳли дӯзах бошанд”. Фотир:6. Шайтон аввалин душмани фарзандони Одам аст. Дар ҳар роҳи онҳо менишинад, то онҳоро гирифта ба сӯйи залолату гумроҳӣ, ҳалокат ва фасодкорӣ барад. Муҳимтарин роҳи нигоҳ доштани худ аз васвасаҳои шайтон:
1.Талаби ёрӣ аз Аллоҳ ва паноҳ ҷӯстан ба Ӯ аз шайтони рондашуда. “Ва бигӯ, эй Парвардигори ман, аз дағдағаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам, аз он ки пеши ман ҳозир шаванд”. (Муъминун: 97,98).
2.Ба худ лозим гирифтани зикри Аллоҳ. Зеро шайтон дар вақти зикр аз назди шумо мегурезад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Вақте ки инсон дохили хонаи худ мешавад ва номи Аллоҳро ба забон намеорад, шайтон мегӯяд: “Имшаб ҷойи хоб пайдо кардед”. Ва агар банда дар вақти хӯрок хӯрдан Аллоҳро ёд накунад, шайтон мегӯяд: “Ҳам ҷойи хоб пайдо кардед ва ҳам хӯроки шаб”. Муслим.
3.Бисёр Қуръон хондан. Хоссатан сураи Бақара, ихлос, Фалақ ва Нос. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бегумон шайтон аз хонае фирор мекунад, ки дар он сураи Бақара хона мешавад”. Муслим.
4.Донистани роҳҳои шайтон ва даромадгоҳҳои он. Тамоми фаҳшо ва мункар аз роҳи шайтон аст: “Эй муъминон аз пайи роҳи шайтон маравед”. Нур:21.
5.Саъй бикунад, то пушаймон шавад ва тавба намояд ва ба сӯйи Аллоҳ боз гардад: “Ба дурустӣ ки парҳезгорон, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Аллоҳро ёд мекунанд”. Аъроф:101, 102.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-١١_٠٠-٥٤-٣٦.jpg | Download |
ШАЙТОН | Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device