ЧИ ТАВР ТАҲОРАТ БИКУНАМ?

  • Version
  • Download 155
  • File Size 266.49 KB
  • File Count 1
  • Create Date
  • Last Updated March 1, 2024

ЧИ ТАВР ТАҲОРАТ БИКУНАМ?

Таҳорат карданро ба дигарон таълим бидиҳем. Ва пеш аз таҳорат кардан Аллоҳро ба ёд оварда “Бисмиллоҳ” бигӯем. Пас дастонамон ба пуррагӣ се бор бишӯем. Ва бояд об ба мобайни ангуштонамон дохил гардад. Пас обро ба даҳон гирифта се бор онро ба хубӣ бишӯем. Ин амалро “мазмаза” меноманд. Пас обро се бор ба бинӣ дохил кунем, ки ин амалро “истиншоқ” меноманд. Пас рӯямонро бо таври комил бишӯем, ки ба тамоми рӯй об бирасад. Пас дастамонро се маротиба то оринҷ бишӯем. Пас тамоми сарамон як маротиба масҳ бикашем. Ва ба берун ва даруни гӯш низ масҳ кашем. Сипас пойи худро се бор ҳамроҳи ошиқи пой бишӯем, ки шӯстан аввал пойи рост ва сипас пойи чап аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Дин покизагист”. Албатта дини Ислом қалби мардумро аз ҳама бемориҳо пок месозад. Покизагии бадан низ сабаби тандурустӣ ва хушбахтии ҳарду дунё аст. Агар бадан нопок бошад, қалб хира мегардад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Таҳорат калиди намоз аст ва намоз калиди ҷаннат аст”. Инчунин фармуданд: “Ҳар касе, ки ба монанди ман таҳорат бикунад ва сипас ду ракат бихонад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират мекунад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

Attached Files

FileAction
photo_2024-03-01_16-42-05.jpgDownload
Scroll to Top