ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ
أربعة من أنواع الأمانة ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ 1.Амонати таклиф; Аллоҳ фармуд: "Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ӯ ситамкору нодон буд". Сураи Аҳзоб ояти 72. 2.Амонати баёни ҳуҷҷат...
ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ
أربعة من أنواع الأمانة
ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ
1.Амонати таклиф; Аллоҳ фармуд: "Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ӯ ситамкору нодон буд". Сураи Аҳзоб ояти 72.
2.Амонати баёни ҳуҷҷат бар Уламо; Аллоҳ фармуд: "Касоне, ки паёмҳои Аллоҳро мерасонанд ва аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ғайри Ӯ наметарсанд, Аллоҳ барои ҳисоб кардани амалҳояшон кофист!". Сураи Аҳзоб ояти 39.
3.Амонати расонидани рисолати Илоҳӣ бар Паёмбарон, ки меросхурӣ онҳо уламо мебошанд; Аллоҳ фармуд:"Эй Паёмбар, он чиро ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад". Сураи Моида ояти 67.
4.Амонати ҳифзи калимаи тавҳид; Бояд ҳама мусалмонон дар нашри тавҳид саъйу кушиш дошта бошанд, зеро ин амонат аст, ки ба он бояд хиёнат накунанд. Аллоҳ фармуд: "Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Аллоҳ ва Паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед". Сураи Анфол:27.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device