
ХУРСАНД ШУДАН БА МУСИБАТИ ДИГАРОН ХУЛҚИ БАД АСТ
الشماتة خلق ذميم ХУРСАНД ШУДАН БА МУСИБАТИ ДИГАРОН ХУЛҚИ БАД АСТ Албатта хурсанд шудан ба он мусибате, ки як бародарат дар ин дунё ба он гирифтор шудааст, манъ аст. Ва он хислати бад аст, ки соҳиби он муҳаббат ва меҳрубонӣ надорад. Хислати чунин инсон ҳамеша бадбиниву пастшуморӣ...
ХУРСАНД ШУДАН БА МУСИБАТИ ДИГАРОН ХУЛҚИ БАД АСТ
الشماتة خلق ذميم
ХУРСАНД ШУДАН БА МУСИБАТИ ДИГАРОН
ХУЛҚИ БАД АСТ
Албатта хурсанд шудан ба он мусибате, ки як бародарат дар ин дунё ба он гирифтор шудааст, манъ аст. Ва он хислати бад аст, ки соҳиби он муҳаббат ва меҳрубонӣ надорад. Хислати чунин инсон ҳамеша бадбиниву пастшуморӣ аст. Дар асл шахси мусалмон бояд дарду алами бародари мусалмонаш ҳамроҳ бикашад ва бо ғаму андӯҳи онҳо шарик бошад. Ва ин сифати бад ба инсон хорӣ меорад. Бинобарин Паёмбар ﷺ моро амр ба паноҳ ҷӯстан аз хурсанд шудан ба мусибати дигарон карданд: “Ба Аллоҳ таъоло аз гирифтор шудан ба сахтии бало ва сарнавишти бад ва қазовати нодуруст ва шод шудан ба мусибати дигарон, паноҳ ҷӯед”. Бухорӣ. Имом Шавконӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Паёмбар ﷺ аз шод шудан ба мусибати дигарон паноҳ ҷӯстанд ва моро ба паноҳ ҷӯстан амр карданд. Зеро чунин хислати бад ба нафси инсоният таъсир дорад, ки бояд бандагон аз чунин хислати бад бигирезанд. Ва агар пайрави чунин хислати бад бошанд, пас сабаб мешавад, ки ҳалолкардаҳои Аллоҳро ҳалол донанд”. Ба ҳар мусалмон воҷиб аст, ки аз сабабҳои ин хислати бад дурӣ ҷӯянд. Аз ҷумлаи он сабабҳо: 1. Аз ҳад зиёд ба манфиатҳои дунявӣ дил бастан. 2. Дӯст доштани нафси худ ва худпарастӣ ва поймол кардани ҳуқуқӣ дигарон. 3. Паст шуморидани дигарон. 4. Ба ҳама ҳасад кардан. 5. Бад дидани дигарон. Ва хурсанд шудан ба мусибати дигарон осори салбии бад дорад. Ибни Қайюм раҳмаҳуллоҳ гуфт: “Албатта бародаратро ба ягон гуноҳ тӯҳмат кардан, аз бузургтарин гуноҳ аст, ҳатто аз гуноҳе, ки худи он анҷом додааст ва ё мусибате, ки ба он гирифтор шудааст. Ва барои худпараст нашудан бояд аз ҳама гуноҳ ҳазар бояд кард”. Хурсанд шудан ба мусибати дигарон гоҳе акси ҳол гашта худи ӯ ба ҳамон мусибате, ки хурсанд гашта буд, гирифтор гардад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٧-١٦.jpg | Download |

ХУРСАНД ШУДАН БА МУСИБАТИ ДИГАРОН ХУЛҚИ БАД АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025