ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ - Забони Тоҷикӣ
خلق الشخص الحكيم ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ Аллоҳ таъоло фармуд: “Бар ҳар ки хоҳад ҳикмат медиҳад ва ба ҳар касе, ки ҳикмат дода шудааст, пас ҳамоно некӯӣ бисёр дода шудааст. Ва ба ҷуз соҳибони хирад касе пандпазир намешавад”. Бақара:269. Ҳикмат сабаби зиёд шудани хайру некӣ ва далели...
ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ - Забони Тоҷикӣ
خلق الشخص الحكيم
ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Бар ҳар ки хоҳад ҳикмат медиҳад ва ба ҳар касе, ки ҳикмат дода шудааст, пас ҳамоно некӯӣ бисёр дода шудааст. Ва ба ҷуз соҳибони хирад касе пандпазир намешавад”. Бақара:269. Ҳикмат сабаби зиёд шудани хайру некӣ ва далели наҷот аст. Ҳикмат ҳадия ва мукофоти азиме аз тарафи Парвардигор аст, ки ҳама чизро вазн мекунад ва нафс боахлоқ ва ба дин устувор мегардад ва қалб бино мешавад. Агар ҳикмат комил гардад, илм ва амал комил гардад, ки ҳақ ва мақсади онро бишносад. Ҳикмат бо кори нек ва бо тарки кори бад амалӣ мешавад. Ҳикмат боқавл ва бо амал пурра мегардад, ки ҳар корро ба ҷояш гузошта мешавад. Ҳикмат вақте анҷом меёбад, ки он вақти муносиб аст. Шахси ҳаким корҳояшро вазн мекунад ва дар ҳама корҳояш миёна аст ва аз ҳад гузаштан ва таърифу тавсифро намедонад. Ваҳб ибни Мунаббаҳ гуфт: “Эй фарзандам, бо ҳикмат бош, зеро ҳама хайр дар ҳикмат аст”. Меваҳои боҳикмат будан:
1.Тавфиқ ёфтан дар камбудиҳои сухан ва амал.
2. Комил гардидани ақл ва фаҳми хуб.
3. Аз ҳама бадиҳо дурӣ ҷӯяд.
4. Дар назди мардум хабари хуб бошад.
5.Дараҷаи соҳибашро баланд гардонад.
Ҳаммод писари Абуҳанифа раҳмаҳуллоҳ гуфт: “Мегуфтанд; Он шахсеро, ки боҳикмат шинохта шудааст, ӯро мардум бо чашми эҳтиром менигаранд”. Шахси боҳикмат, инсони маслиҳатгар ва боваринок аст. Ҳикматро Аллоҳ ба касе хоҳад медиҳад ва ин неъмате аст, ки ба он бояд шукр кард. Аллоҳ фармуд: “ Ба дурусти, ки ба Луқмон ҳикмат ато кардем”. Луқмон:12.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-١١_٠١-٠٤-١٦.jpg | Download |
ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device