
ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ
خُلُق العِفَّة ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ Аз муҳимтарин ахлоқе, ки Паёмбар ﷺ бо он фиристода шудаанд, ин иффат ва покист. Ва аз саволҳои Ҳирқал ба Абусуфён чунин буд: (Ман аз ту мепурсам, ки ӯ шуморо ба чӣ амр мекард? Гумон мекунам, ки ӯ шуморо ба намоз, ба сидқ ва ба покиву иффат ва ба вафо...
ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ
خُلُق العِفَّة
ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ
Аз муҳимтарин ахлоқе, ки Паёмбар ﷺ бо он фиристода шудаанд, ин иффат ва покист. Ва аз саволҳои Ҳирқал ба Абусуфён чунин буд: (Ман аз ту мепурсам, ки ӯ шуморо ба чӣ амр мекард? Гумон мекунам, ки ӯ шуморо ба намоз, ба сидқ ва ба покиву иффат ва ба вафо кардан ба аҳд ва адои амонат амр мекард, ки инҳо сифати Паёмбарон аст). Бухорӣ ва Муслим. Иффат ва покӣ ин парҳезгорӣ, покии ахлоқ, дурӣ аз бадиҳо ва дурӣ аз чизҳое, ки ҳалол нест, мебошад. Шахси муъмин боиффату пок намегардад, то ин ки дасти пок, забони пок, биноӣ ва шунавоии пок дошта бошад. Покии забон, ин тарки масхара, тарки ғайбату суханчинӣ ва тарки ҳақорату дашном аст. Покии чашм, ин пӯшидани он аз номаҳрамон ва нигоҳ накардан ба чизе, ки дар дасти дигарон аст. Покии гӯш, ин тарки гӯш кардани муҳаррамот, ба мисли мусиқӣ ва ҷосӯсӣ ба дигарон аст. Ва покии даст ва аъзои бадан ин аст, ки инсон бо дасти худ ба дигарон зарар нарасонад. Ва чизҳоеро истифода набарад, ки шариъат истеъмоли онро иҷозат надодааст. Ва аз навъҳои иффату покӣ ҳаё ва сатри аврат аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, Шайтон шуморо гумроҳ накунад, чуноне ки падару модари шуморо аз биҳишт берун овард, ҷомаҳояшонро аз онҳо бикашид, то ба онҳо шармгоҳашонро бинамояд”. Аъроф:27. Ва ба ҳифз кардани покӣ, занонро ба ҳиҷоб кардан амр карда шуд. Ва ҳам дар хилват мондан бо шахси бегона ҳаром гардид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Огоҳ бошед ҳалол нест, ки як мард бо зане дар хилват бимонад, магар ин ки сеюми онҳо шайтон бошад”. (Тирмизӣ). Ва барои сохтани покиву иффат Аллоҳ моро аз пайрав шудан ба роҳҳои шайтон, ки моро ба сӯйи фаҳшо мебарад, ҳазар кунондааст. Аллоҳ фармуд: “Эй мардумон! Аз он чи дар замин ҳалолу покиза аст, бихӯред, роҳҳои шайтонро пайравӣ макунед. Ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст”. (Бақара:168).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٠-٢٤.jpg | Download |

ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025