ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
خلق الورع ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳалол ва ҳаром ҳарду возеҳ ва мушаххас ҳастанд. Ва дар миёни ҳалол ва ҳаром умури хосе вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардум онро намедонанд. Ҳар кас аз онҳо бипарҳезад, дин ва обрӯяшро ҳифз кардааст. Ва касе, ки дар шубуҳот...
ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
خلق الورع
ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳалол ва ҳаром ҳарду возеҳ ва мушаххас ҳастанд. Ва дар миёни ҳалол ва ҳаром умури хосе вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардум онро намедонанд. Ҳар кас аз онҳо бипарҳезад, дин ва обрӯяшро ҳифз кардааст. Ва касе, ки дар шубуҳот ва корҳои шакдор биафтад, ба ҳаром низ олуда хоҳад шуд”. (Бухорӣ ва Муслим). Оне, ки ҳамеша худро аз ҳаром дур медорад, ҳамеша дар муроқабаи ҳақ аст. Ва ӯ ҳамеша аз шубуҳот сахт ҳазар мекунад. Ва ӯ ҳеҷ гоҳ дари шакро намекӯбад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Беҳтарин диндории шумо, ин дурӣ аз ҳаром аст”. Дурӣ аз ҳарому шубуҳот чаҳор дараҷа дорад: 1. Дараҷаи адолат дар ҳама он фатвоҳое, ки онро ҳаром кардааст. 2. Даст кашидан аз ҳама шубҳаҳое, ки дур шудан аз онро шумо дӯст намедоред, вале онро амри мустаҳаб медонед. 3. Даст кашидан аз баъзе ҳалолҳо, зеро тарс аз он доред, ки ба ҳаром воқеъ нашавед. 4. Даст кашидан аз ҳама чизҳое, ки барои Аллоҳ таъоло нест, ки ин дараҷаи сиддиқин аст. Дурӣ аз ҳаром фоидаҳои бузург дорад: 1. Дурӣ аз ҳаром бароат аз обрӯ ва дин. 2. Дурӣ аз ҳаром таҳқиқи оромии нафс аст. 3. Дурӣ аз ҳаром сабаби ризқи ҳалол ва иҷобати дуо аст. 4. Дурӣ аз ҳаром обрӯ, хун ва молҳоро ҳифз мекунад. Зеро оне, ки аз ҳаром худро дур мегирад, ба даст задан ба муҳаррамот ҷуръат пайдо намекунад. Умра ибни Ҳабиб раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Дар бисёр намозхонӣ ва рӯзадории касе тааҷҷуб накунед, балки шумо назар кунед, ки оё онҳо аз ҳаром дурӣ меҷӯянд ва ё не. Пас агар онҳо аз ҳаром дур гашта, дар ибодати Аллоҳ бошанд, бандаи ҳақиқии Аллоҳ ҳастанд”. Ва инсон бояд бидонад, ки шариъат дурӣ аз ҳаромро барои ҳосил шудани масолеҳ ва фоидаҳо ва комил ёфтани он ва дур кардани зарарҳо амр кардааст, магар касе ки дар амал устувориро гум карда зарару фасоди шаръиро тарк намудааст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٢-٤٩.jpg | Download |
ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device