
ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ
خلق الأمانة ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ Аллоҳ таъоло фармуд: “Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед”. (Нисо:58). Дини Ислом дини амонат аст. Лақаби Паёмбар ﷺ “Содиқул амин” буд. Имон шахси мусалмон комил намегардад, магар бо амонатдорӣ ва хулқу рафтори...
ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ
خلق الأمانة
ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед”. (Нисо:58). Дини Ислом дини амонат аст. Лақаби Паёмбар ﷺ “Содиқул амин” буд. Имон шахси мусалмон комил намегардад, магар бо амонатдорӣ ва хулқу рафтори хуб доштан. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки амонат надорад, имон надорад”. (Аҳмад). Ва аз даст додани амонатдорӣ сабаби хароб шудани замин ва барпо шудани қиёмат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар амонат аз байн рафт, пас интизори рӯзи қиёмат бош”. (Бухорӣ). Амонат дар Ислом маънои ваъдаро дорад. Амонат танҳо адои пулу мол нест, балки амонат ҳаққи ҳама чизҳост, ки ба ту лозим аст онро адо намуда ҳифз намоӣ. Пас амонат ба дин, шаъну шараф, мол, илм, фармон, гувоҳӣ, сирҳо ва дигар навъҳои муомилаҳо ба амонат дохиланд. Асли амонат ду навъ аст: 1. Амонат дар ҳуқуқи Аллоҳ. 2. Амонат дар ҳуқуқи инсонҳо. Дар амонатдорӣ фоидаҳои бузурге аст, ки ба худи инсон ва ба мардум фоидаҳое дорад. Аз ҷумлаи он фоидаҳо: 1. Амонат молу мулк ва обрӯи инсонро ҳифз мекунад. 2. Амонат динро ҳифз мекунад. 3. Амонатдорӣ аз муҳимтарин сабаби баракат ва пешравӣ аст. 4. Амонатдорӣ сабаби васеъ шудани ризқ ва хушбахтӣ дар ин дунёст. 5. Шахси амонатдорро Аллоҳ таъоло ва мардум дӯст медоранд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки мехоҳад Аллоҳ ва Расулаш ӯро дӯст бидоранд, пас вақте ки сухан мегӯяд, сухани рост бигӯяд. Агар ба ӯ амонате дода шавад, пас онро адо намояд. Агар ҳамсояе дошта бошад, бо ӯ муомилаи хуб бикунад”. (Байҳақӣ). Пас он ҷамоъате, ки амонатдор ҳастанд, ҷамоъате мебошанд, ки дар амну амон ва бо ҳам дӯсту пайванд ҳастанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки ба ту чизеро амонат гузошт, пас онро адо намо ва оне, ки ба ту хиёнат кард, пас ту ба ӯ хиёнат макун”. (Абудовуд ва Тирмизӣ).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٧-٤٥-٤٧.jpg | Download |

ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device