
ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
خلق العفو والصفح ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ Аллоҳ таъоло фармуд:“Ва сазои бадӣ бадие монанди он аст, пас ҳар ки даргузарад ва корро ба ислоҳ орад, пас муздаш бар Аллоҳ аст. Ҳамоно Аллоҳ золимонро дӯст намедорад”. (Шӯро:40). Пас бузургтарин ҷазо чист? Бузургтарин ҷазо...
ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
خلق العفو والصفح
ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
Аллоҳ таъоло фармуд:“Ва сазои бадӣ бадие монанди он аст, пас ҳар ки даргузарад ва корро ба ислоҳ орад, пас муздаш бар Аллоҳ аст. Ҳамоно Аллоҳ золимонро дӯст намедорад”. (Шӯро:40). Пас бузургтарин ҷазо чист? Бузургтарин ҷазо ин аҷру савобе, ки бар Аллоҳ таъоло аст. Бинобарин, ҳар мусалмони амалкунанда дӯст медорад, ки Аллоҳ бо ӯ муомила кунад, бояд ӯ хислати авфро дошта бошад. Ҳамчуноне, ки ӯ дӯст медорад Аллоҳ ӯро авф кунад ва ҳам дӯст медорад, ки Аллоҳ аз гуноҳи ӯ даргузарад, ӯ низ аз гуноҳи дигарон бигзарад. Зеро ҳар ҷазо вобаста ба амал аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки авф мекунад, Аллоҳ таъоло ба сабаби ин амалаш иззаташро дар байни мардум ва аҷру савобашро дар охират зиёд мегардонад”. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Афзалтарин ахлоқи шахси муъмин ин авф кардан аст”. Оне, ки ҳамчу як шахси авфкунанда шинохта шуд, шараф, иззат ва қадру қиматаш дар қалби мардум бузург гардад. Пас ба шахси одил воҷиб аст, ки нафси худро ба авф кардани мардум танзим бикунад. Ва душманиву қасос гирифтанро тарк намояд, магар ин, ки ин кораш сабаби бадиҳост. Вақте ки авф карданро тавонист, бидонад ки ин амалаш беҳтар аз хайру эҳсон аст. Дар авф кардани гуноҳи як шахс фоидаҳои бузург аст: 1. Эътироф кардани заъифии инсон. 2. Раҳм кардан ба шахси гунаҳкор. 3. Дар он ҳуҷҷат ба пайвандии байни ҳамдигар. 4. Сабаби нашри улфат ва муҳаббат дар байни мардум. Ва сабаби муҳим, ин ҳосил шудани тақво ва тарс аз Аллоҳ аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва он, ки даргузаред, ба парҳезгорӣ наздиктар аст”.(Бақара:237). Авф кардан сабаби дур кардани бадиву душманӣ ва итоат кардан ба амри Аллоҳ аст. Аллоҳ фармуд: “Ва бояд ки афв кунанд ва даргузаранд. Оё дӯст медоред, ки Аллоҳ шуморо биомурзад? Ва Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст”. (Нур:22).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٧-٤٧.jpg | Download |

ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025