- Version
- Download 46
- File Size 217.24 KB
- File Count 1
- Create Date March 1, 2024
- Last Updated March 1, 2024
ФОИДАҲО АЗ СУННАТҲОИ РӮЗАИ МОҲИ РАМАЗОН
Агар хоҳӣ, ки савоби рӯзаро комилан бигирӣ ва онро ҳис бикунӣ, пас ба суннатҳои рӯза ҳарис бош;
1.Саҳар хестан; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Саҳархӯрӣ барака дорад, пас онро тарк накунед, агарчанде яке аз шумо дар саҳархӯрӣ каме ҳам аз об нӯшад. Ва албатта Аллоҳ ва фариштагон ба саҳаркунандагон салому дуруд мефиристад”.
2.Рӯзаро бо хурмои тар кушодан: Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар ифтор кардан бо хӯрмои тар дар вақти азони шом шитоб бикун, агар онро пайдо накардӣ бо хурмои хушк ва агар онро пайдо накардӣ бо об рӯзаатро бикӯшо”.
3.Дар вақти ифтор дуо бикун; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ташнагӣ рафт, арақҳо хушк шуд ва иншоаллоҳ савоб ҳосил гардид”.
4.Ифтор додани рӯзадорон; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки рӯзадореро ифтор медиҳад, аз ӯ чизеро кам накарда барои ифтордиҳанда аҷру савоб дода мешавад”.
5.Умра кардан дар ин моҳи муборак; Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дар Рамазон умра кардан баробари ҳаҷ аст”.
6.Мо бояд дар рӯзҳои моҳи Рамазон бо дуо, қироъати Қуръон ва ҳама он ибодатҳое, ки моро ба Аллоҳ наздик месозад , машғул бошем. Албатта моҳи Рамазон фурсат барои қувват бахшидани имон ва ноил шудан ба ҷаннат ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба хок олуда шавад, бинии он марде, ки моҳи Рамазонро дармеёбад, пеш аз ин, ки гуноҳаш бахшида шавад”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Attached Files
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-49-49.jpg | Download |