
ФАРЗИ РӮЗА
Рӯза доштан чаҳорум рукн аз аркони Ислом аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бинои Ислом панҷ аст: 1.Гувоҳӣ додан ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Ӯст. 2.Барпо доштани намоз. 3.Закот додан. 4.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон. 5.Ҳаҷ намудан барои шахсе, ки тавоноӣ дошта...
ФАРЗИ РӮЗА
Рӯза доштан чаҳорум рукн аз аркони Ислом аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бинои Ислом панҷ аст: 1.Гувоҳӣ додан ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Ӯст. 2.Барпо доштани намоз. 3.Закот додан. 4.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон. 5.Ҳаҷ намудан барои шахсе, ки тавоноӣ дошта бошад”.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба ҳар шахси мусалмон, болиғ, оқил, қодир ва муқим фарз аст.
Даромадани моҳи Рамазонро ба дидани моҳ ва бо чашм ва ё бо асбобҳои нави замонавӣ муайян карда мешавад. Агар моҳро дида нашуд, пас моҳи Шаъбонро сӣ рӯзи комил карда, пас рӯза мегиранд. Дар муайян кардани моҳ ҳисоби фалакӣ ба эътибор гирифта намешавад.
Воҷиб аст, ки мо дар шаби аввали моҳи Рамазон нияти рӯза бикунем. Ва як нияти аввали моҳи Рамазон барои як моҳ кифоя аст, магар узре ки рӯзаро қатъ мекунад, пас бояд ниятро нав бикунад.
Аз тулӯъи фаҷри содиқ то ғуруби офтоб нахӯрдан ва наошомидан аз фарзҳои рӯза аст. Шахсе, ки гумон кард ва аз рӯйи надонистан чизе хӯрд ва ё чизе нӯшид, пас рӯзааш дуруст аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло ҳар хато ва фаромӯширо аз уммати ман мегузарад ва авф мекунад. Модоме, ки онро бад набинад”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-47-26.jpg | Download |

ФАРЗИ РӮЗА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device