ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР
فضل مجلس الذكر ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР Аллоҳ таъоло фариштагоне дорад, ки зикркунандагон ва маҷлисҳои илмро дар рӯйи замин ҷустуҷӯ мекунанд. Ва чун гурӯҳеро бубинанд, ки ба ёди Аллоҳ ва талаби илм машғуланд, якдигарро фарёд мекунанд ва мегӯянд; “Ба сӯйи он чизе, ки дар ҷустуҷӯйи...
ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР
فضل مجلس الذكر
ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР
Аллоҳ таъоло фариштагоне дорад, ки зикркунандагон ва маҷлисҳои илмро дар рӯйи замин ҷустуҷӯ мекунанд. Ва чун гурӯҳеро бубинанд, ки ба ёди Аллоҳ ва талаби илм машғуланд, якдигарро фарёд мекунанд ва мегӯянд; “Ба сӯйи он чизе, ки дар ҷустуҷӯйи он будед, биёед”. Онгоҳ зикркунандагонро то осмони дунё дар зери болҳояшон мегиранд. Сипас Аллоҳ бо ин, ки огоҳии комил дорад, аз фариштагон мепурсад: “Бандагонам чӣ мегӯянд? Дар ҷавоб фариштагон мегӯянд: “Покӣ ва Бузургии Туро баён мекунанд ва Туро ситоиш намуда Бузург медонанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё онҳо маро дидаанд? Дар ҷавоб фариштагон мегӯянд: “Ба Ту қасам, ки Туро надидаанд”. Пас Аллоҳ мефармояд: “Агар маро медиданд, чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар Туро медиданд, бештар ибодат мекарданд ва ҳам бештар Бузург медоштанд ва бештар тасбеҳ мегуфтанд”. Онгоҳ Аллоҳ фармуд: “Онҳо чӣ мехоҳанд? Фариштагон мегӯянд: “Аз Ту биҳишт мехоҳанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё онҳо биҳиштро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: “Парвардигоро, қасам ба Ту, ки биҳиштро надидаанд”. Аллоҳ мефармояд: “Агар онро медиданд, пас чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар онро медиданд, ба он алоқаи бештаре пайдо мекарданд ва бештар ба дунболи он мерафтанд ва ба он рағбати бештар нишон медоданд”. Пас Аллоҳ мефармояд: “Аз чӣ чиз паноҳ мехоҳанд? Фариштагон мегӯянд: “Аз дӯзах паноҳ мехоҳанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё дӯзахро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: “Парвардигоро, қасам ба Ту, ки дӯзахро надидаанд”. Аллоҳ мефармояд: “Агар онро медиданд, пас чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар онро медиданд, аз он бештар дур мешуданд ва тарси бештар аз он доштанд”. Аллоҳ мефармояд: “Шумо гувоҳ бошед, ки ман онҳоро бахшидам”. Пас яке аз фариштагон мегӯяд: “Фалон шахси гунаҳкор низ дар миёни онҳост, вале он аз ҷумлаи онҳо нест, балки ӯ барои коре ба онҷо омада буд? Аллоҳ мефармояд: “Ӯро низ бахшидам. Онҳо касоне ҳастанд, ки ҳамнишинонашон низ бенасиб намемонанд ва бадбахт намешаванд”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٣٠.jpg | Download |
ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device