УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу
عمر ابن خطاب رضي الله عنه УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу Агар инсон саҳифаҳои асрҳои гузаштаро боз кунад, дар таърихи башарият одилтарин инсон ва бузургтарин шахси наҷотёфтаро пайдо мекунад, ки он шахс Умари Форуқ разияллоҳу анҳу аст. Амири муъминон, Умар ибни Хаттоб ибни...
УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу
عمر ابن خطاب رضي الله عنه
УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу
Агар инсон саҳифаҳои асрҳои гузаштаро боз кунад, дар таърихи башарият одилтарин инсон ва бузургтарин шахси наҷотёфтаро пайдо мекунад, ки он шахс Умари Форуқ разияллоҳу анҳу аст. Амири муъминон, Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абудулузо Қурайшӣ Адавӣ, ки бо даъвати Паёмбар ﷺ Ислом оварданд. Пас ба сабаби он кас Аллоҳ таъоло Исломро иззат дод. Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу шахсе буданд, ки навсоз, илҳомбахш ва муваффақ. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар умматҳои пеш аз шумо мардумоне буданд, ки ба онҳо илҳом мешуд ва агар дар уммати ман як нафар чунин бошад, пас он Умар аст”. Бухорӣ. Ва аз илҳоми Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу буд, ки чанд ояти Қуръони карим дар бораи фикри он кас нозил шудааст. Умар разияллоҳу анҳу гуфт: “Бо Парвардигорам дар се ҳолат мувофиқ омадам. Ба Паёмбар ﷺ гуфтам; Эй Расулуллоҳ, агар мо мақоми Иброҳимро ҷойи намоз қарор диҳем, пас ин оят ба Паёмбар ﷺ нозил гардид: “Ва аз ҷойи қадами Иброҳим намозгоҳ бигиред”. (Бақара:125). Ва ояти ҳиҷоб, ки занони Паёмбар ﷺ ҷамъ гардида буданд ва ман рашкам омад, ки пас ба онҳо гуфтам; Агар Паёмбар ﷺ шуморо талоқ диҳад, зуд аст ки Парвардигораш барои ӯ занони дигареро бар ивази шумо медиҳад, ки беҳтар аз шумоянд”. (Таҳрим:5). Ва аз ҳайбати Умар разияллоҳу анҳу шайтонҳо мегурехтанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Қасам ба он зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ҳаргиз шайтон туро дар ҳоли гузаштанат аз роҳе намебинад, магар ин ки роҳи ғайри туро пеш мегирад”. Бухорӣ. Умар разияллоҳу анҳу баъди вафоти Абубакр разияллоҳу анҳу хилофатро ба даст гирифтанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина Аллоҳ таъоло ҳақро бар забони Умар ва қалби ӯ қарор додааст”. Тирмизӣ. Умар разияллоҳу анҳу аввалин шахс дар ташкили байтул мол, солшумории ҳиҷрӣ, вазоратхона ва идораҳои давлатӣ буданд. Дар замони Умар разияллоҳу анҳу Қудс, Ироқ, Миср, Шом фатҳ гардид. Ва ба Умар разияллоҳу анҳу дар рӯзи чоршанбе, 26 уми моҳи Зулҳиҷҷа дар меҳроби масҷид корд заданд, ки баъди се рӯзи он шаҳид гаштанд. Ва рӯзи 1 уми Муҳаррам ба паҳлуи Паёмбарﷺ ва Абубакри Сиддиқ ба қабр гузоштанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥١-٤٩.jpg | Download |
УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device