ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
الخوف من الله من أهم صفات المؤمن ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ аз муҳимтарин сифоти муъминон аст. Ва он дур шудан аз корҳои ҳароме мебошад, ки дар он ғазаби Парвардигор бошад. Тарс аз Аллоҳ, наҷот аз азоби Парвардигор дар рӯзи қиёмат...
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
الخوف من الله من أهم صفات المؤمن
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ аз муҳимтарин сифоти муъминон аст. Ва он дур шудан аз корҳои ҳароме мебошад, ки дар он ғазаби Парвардигор бошад. Тарс аз Аллоҳ, наҷот аз азоби Парвардигор дар рӯзи қиёмат аст. Тарс аз Аллоҳ иқрор шудан ба биъсати Паёмбарон алайҳимус салом аст. Инсон бояд аз Аллоҳ битарсад ва дигаронро ба худотарсӣ даъват бикунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардумро ба он чизе, ки фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад, даъват мекарданд, зеро калом ва ваъдаҳои Парвардигор ҳақ аст. Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ ин тоъати Парвардигор ва наҷот аз ғазаби Ӯст. Ва сабаби дохил шудан ба сояи Арш аст, ки дар он рӯз сояе нест, магар сояи Ӯ таъоло. Тарс аз Аллоҳ наҷот аз тамоми бадиҳо, мағфирати Аллоҳ, дарёфти амн, хушбахтӣ дар дунё ва охират, комилии имон, зебогии Ислом, равшании қалб ва покии нафс аст. Тарс аз Аллоҳ асли ҳама чизҳои хайр дар дунё мебошад. Қалбе, ки тарс аз Аллоҳ надорад, он қалби мариз ва хароб аст. Парҳезгорӣ сабаби бардошта шудани тарс дар охират ва кафорати гуноҳони гузашта ва наҷот аз оташи дӯзах аст. Парҳезгорӣ аҷру савоби бузург дорад, ки инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад. Парҳезгорӣ наҷот аз азоби дунё ва баромадан аз тамоми тангиҳои он аст. Барои парҳезгор аз ҷойе ризқ меояд, ки дар гумонаш набуд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқ медиҳад”. Талоқ:2,3.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٢٠-٠٨-٣١.jpg | Download |
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device