
СЕҲР
السحر СЕҲР Он чизе, ки сабаби он пӯшида аст, сеҳр номида мешавад. Сеҳр дар истилоҳи шариъат, руқяҳо, афсунҳо, туморҳо, давоҳо ва ҳаргуна доруест, ки ба қалб ва ҷисми инсон ба амри Аллоҳ таъсир мекунад. Сеҳр ду қисм аст: 1.Ширки акбар, ки он ба воситаи ҷин ва шайтонҳо иҷро мешавад,...
СЕҲР
السحر
СЕҲР
Он чизе, ки сабаби он пӯшида аст, сеҳр номида мешавад. Сеҳр дар истилоҳи шариъат, руқяҳо, афсунҳо, туморҳо, давоҳо ва ҳаргуна доруест, ки ба қалб ва ҷисми инсон ба амри Аллоҳ таъсир мекунад. Сеҳр ду қисм аст: 1.Ширки акбар, ки он ба воситаи ҷин ва шайтонҳо иҷро мешавад, зеро ҷодугар онҳоро ибодат мекунад ва ба сӯи онҳо наздикӣ меҷӯяд ва ба онҳо саҷда мекунад, то ки онҳоро бар шахси ҷодушуда мусаллат гардонад. 2. Фисқ ва душманӣ, ки он сеҳр ба воситаи давоҳо иҷро мешавад, ба монанди чашмбандӣ. Ҳукми сеҳр: 1.Агар ҷодуяш аз қисми якум бошад, пас ӯ кофир аст ва ҳукми муртадро дорад, ки ӯро бо ҳукми қозӣ кушта мешавад. 2.Агар ҷодуяш аз қисми дуюм бошад, кофир намешавад, лекин ӯро фосиқу гунаҳкор шуморида мешавад, вале аз боби дафъи зарарҳо ӯро кушта мешавад, ҳар вақте ки қозӣ амрашро пешниҳод кунад. Албатта сеҳр куфр аст, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: "Ва он ду фаришта ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки мегуфтанд: Мо василаи озмоишем, пас кофир машавед".(Сураи Бақара:102). Пас касе, ки ба он амал бикунад ва ё таълим диҳад ва таълим гирад ва ё ба он розӣ шавад, кофир гардида аз Ислом хориҷ мешавад. Ва яке аз навъҳои сеҳр нушра аст, ки он кушодани ҷоду аз шахси ҷодушуда аст. Ва нушра ду навъ аст: 1.Кушодани сеҳр бо сеҳр, ки он ҳаром ва аз амалҳои шайтон аст. 2.Кушодани сеҳр бо руқя, дуоҳои шаръӣ ва давоҳои мубоҳ, ки он ҷоиз аст. Аз ҷодугарон мардумро хабардор кардан ва ҳазар кунондан ба мо воҷиб аст, зеро ин аз инкори мункар ва насиҳат барои мусалмонон аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١١-١٧-١٨.jpg | Download |

СЕҲР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025