
САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН
قوامة الرجل على المرأة САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН Парвардигори Ҳаким барои бардавомии ҷинси башарӣ низоми оиладориро бо роҳи ҳалол машруъ сохта барои пойдор будани ин муассисаи инсонбарор, ки оила ном дорад, ба ҳар як марду зан муносиб бар ҷисму бар офариниши ҳар яке...
САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН
قوامة الرجل على المرأة
САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН
Парвардигори Ҳаким барои бардавомии ҷинси башарӣ низоми оиладориро бо роҳи ҳалол машруъ сохта барои пойдор будани ин муассисаи инсонбарор, ки оила ном дорад, ба ҳар як марду зан муносиб бар ҷисму бар офариниши ҳар яке аз онҳо вазифаҳои хосе вогузор карда ба ин “корхона” мардро мудир таъйин кардааст. Аллоҳ таъоло дар Сураи Нисо фармудааст: “Мардон сарпараст ва тадбиркунандагони корҳои занонанд.” (Сураи Нисо: 32). Ҳамон гунае, ки роҳбарону ҳокимон болои зердастони худ фармонраво ва суханонашон гузарост, ки мард бояд дар оила ин сифатро дошта бошад. Албатта роҳбар будан ба маънои раво дидани зулму ситам ва дурӣ аз раҳмату шафақат нест. Роҳбарӣ пеш аз ин ки вазифа ва имтиёз бошад, ҳам масъулият аст, ки роҳбар мебояд бо зердасташ бо камоли раҳмат ва шафқат муносибат кунад. Нафақаи зан, ки иборат аз манзил, таъом, об, либос ва давои зан аст, бар зиммаи шавҳар аст. Шаръан фарз аст, ки мард барои зан ин ҳама ниёзҳоро фароҳам созад. Дар муқобили он зан бояд дар умури зиндагӣ бо шавҳараш ҳақ дорад, ки машварат кунад, назар диҳад, раҳнамоӣ кунад, вале агар ба коре шаҳвар амр намояд, мебояд зан ӯро итоат намояд. Дар ин ҳеҷ гуна поймол шудани ҳақи зан вуҷуд надорад. Ва марду зан комилсозандаи якдигаранд на душмани ҳамдигар. Итоати зан ба шавҳари худ ин амр ва фармони Парвардигор ва ҳам ибодат аст. Ҳамон гунае, ки меҳрубонӣ ва дӯстдории мард ҳамсари худро амри шариъат ва ҳам ибодат маҳсуб мешавад. Дар оила зан ба корҳое тавоност, ки мард он корҳоро наметавонад ва низ мард бар корҳое қодир аст, ки зан аз адои он оҷиз аст. Ин ду ҷуфт бо адои вазифаи хоси худ якдигарро такомул мебахшанд ва низоми оила бо ин шакл пойдор мемонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٧.jpg | Download |

САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025