САБР - Забони Тоҷикӣ
الصبر САБР Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр қадами худро устувор доред ва барои ҷиҳод омода бошед ва аз Аллоҳ битарсед, бошад ки растагор шавед”. Оли Имрон:200. Пас сабр ин ризқ, қувват ва фишанг аст. Шахси мариз дар шикоятҳои худ муҳтоҷ ба сабр аст. Шахси...
САБР - Забони Тоҷикӣ
الصبر
САБР
Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр қадами худро устувор доред ва барои ҷиҳод омода бошед ва аз Аллоҳ битарсед, бошад ки растагор шавед”. Оли Имрон:200. Пас сабр ин ризқ, қувват ва фишанг аст. Шахси мариз дар шикоятҳои худ муҳтоҷ ба сабр аст. Шахси мусибатзада дар балову мусибатҳояш муҳтоҷ ба сабр аст. Шахси даъватгар дар даъвати худ муҳтоҷ ба сабр аст. Мард дар кори худ муҳтоҷ ба сабр аст. Зан дар хонаи худ муҳтоҷ ба сабр аст.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Сабр нур ва равшанист”. Муслим. Сабр дар рӯ ба рӯи мусалмон дар ҳама аҳволаш нур аст. Аллоҳ калимаи сабрро дар Қуръони Карим дар навад мавзеъ зикр кард. Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: “Огоҳ бошед, ки албатта сабр аз имон аст. Ва он ба манзилаи сар аз ҷасад аст. Пас агар сар қатъ гардад, ҷасад низ аз ҳама чиз манъ мегардад. Пас бо овози баланд гуфт: Огоҳ бошед! Оне шахсе, ки сабр надорад, имон надорад”.
Сабр муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардумро ба даст меорад. Оромӣ, ҳидоят, пирӯзӣ ва дӯст доштани Аллоҳ сифоти махсуси собирон аст. Сабр сабаби нигоҳ доштани қадру қимати худ ва дигарон дар рӯйи замин аст. Муҳимтарин сабабҳои сабр: Шинохти Аллоҳ таъоло ва муҳаббати Ӯ ва ҳаё аз Ӯст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ҷуз ин нест, ки музди собирон беҳисоб, ба тамом ба онҳо дода мешавад”. Зумар:10.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٩_١٥-٤٣-٤٧.jpg | Download |
САБР - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device