ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
هل المهدي حقيقة أم لا ؟ ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ? Ҳадисҳои саҳеҳ ба омадани имом Маҳдӣ хабар медиҳад, ки ӯ дар охири замон меояд. Ва он нишонае аз нишонаҳои рӯзи қиёмат ва шарте аз шартҳои он аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман аз охиринҳои онҳо Маҳдӣ мебарояд, ки он аз...
ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
هل المهدي حقيقة أم لا ؟
ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
Ҳадисҳои саҳеҳ ба омадани имом Маҳдӣ хабар медиҳад, ки ӯ дар охири замон меояд. Ва он нишонае аз нишонаҳои рӯзи қиёмат ва шарте аз шартҳои он аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман аз охиринҳои онҳо Маҳдӣ мебарояд, ки он аз аломатҳои рӯзи қиёмат аст. Вақте ки он меояд, Аллоҳ таъоло баракатро ато фармуда, боронро медиҳад, ки ҳама замин сабзу хуррам мегардад. Ва дар аҳди ӯ мол бисёр гардад. Ва муддати аҳди ӯ ҳафт ва ё ҳашт сол аст”. (Ҳокам). Инчунин фармуданд: “Маҳдӣ аз мо аст ва аз аҳли байт аст, яъне аз фарзандони Фотима разияллоҳу анҳо. Ва номаш Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аст. Аммо кай таваллуд шудани онро Аллоҳ таъоло медонад. Вақте ки меояд, Аллоҳ таъоло кори ӯро ислоҳ мекунад ва қадру қимати ӯро дар як шаб ва ё дар як соат боло мекунад”. (Ибни Моҷа ва Аҳмад). Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Маҳдӣ аз насли ман аст. Пешонии васеъ ва бини дароз дорад. Вақте меояд, рӯйи замин бо адл пур мешавад. Ҳамчуноне, ки ҷавру ситам пур гардад. Ва ӯ ҳафт сол ҳукм мекунад”. Ва инчунин фармуданд: “Исо ибни Марям алайҳис салом аз осмон нозил мешавад ва мегӯянд: Биё ба намоз ва ба мо имом бишав. Пас мегӯяд: Не, албатта имомӣ аз шумо аст, мусалмон ба бародари мусалмонаш имом мешавад, ки ин такрими Парвардигор барои ин уммати ислом аст”. Аллома Муҳаммад ибни Саффоринӣ гуфт: (Ба баромадани Маҳдӣ ривоятҳо бисёр гардид, ки ҳатто ба дараҷаи тавотурии маънавӣ расид. Ва дар байни уламои аҳли суннат ва ҷамоъат паҳн гардид). Имом Шавконӣ гуфт: (Ҳадисҳое, ки дар ҳаққи Маҳдӣ омадааст, панҷоҳ ҳадис аст, ки баъзеи он саҳеҳ ва ҳасан буда ва баъзеи дигар заиф аст). Бинобарин, бар ҳар мусалмон талаби илм кардан фарз аст, зеро дурӯғгуён низ дар ҳаққи Маҳдӣ ҳадисҳои дурӯғ бофтаанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٥٢.jpg | Download |
ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device