ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?
متي تطلع الشمس من مغربها؟ ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД? Ҳаррӯз офтоб аз тарафи машриқ мебарояд ва рӯйи заминро равшан мегардонад ва дар охири рӯз ба тарафи мағриб менишинад, ки рӯйи заминро торикӣ фаро мегирад. Ва лекин дар охири замон ин ҳолат баракс шуда офтоб аз тарафи...
ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?
متي تطلع الشمس من مغربها؟
ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?
Ҳаррӯз офтоб аз тарафи машриқ мебарояд ва рӯйи заминро равшан мегардонад ва дар охири рӯз ба тарафи мағриб менишинад, ки рӯйи заминро торикӣ фаро мегирад. Ва лекин дар охири замон ин ҳолат баракс шуда офтоб аз тарафи мағриб мебарояд, ки он нишонаи калони наздик шудани қиёмат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аввалин нишонае, ки пеш аз рӯйи қиёмат барои мардум зоҳир мешавад, ин баромадани офтоб аз тарафи мағриб аст. Ва ин нишонаи калони қиёмат аст. Агар инсон баъди мушоҳидаи ин ҳолат имон орад, барои ӯ ин имон фоидае намедиҳад. Ва баромадани ҳайвон низ аз аломатҳои калони рӯзи қиёмат аст, ки дар вақти баланд шудани офтоб меояд, ки он баромада ба мардум сухан мекунад, яъне ин ду нишонаи рӯзи қиёмат дар як вақти наздик бо ҳам рух медиҳад”. (Муслим). Ва охирин нишонаи калони қиёмат бо марги Исо писари Марям алайҳис салом ба поён мерасад. Ва шояд баромадани ҳайвон ва тулӯъи офтоб аз тарафи мағриб дар як рӯз бошад. Ва дар ҳамон рӯз дари тавба баста мешавад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина дар тарафи ғуруби офтоб дари кушодае ҳаст, паҳноӣ ва дарозии он ҳафтсолина роҳ аст, ки он то баромадани офтоб аз мағриб, кушода аст”. (Ибни Моҷа). Бинобарин дар он рӯз онҳое, ки имонашонро нав мекунанд, қабул карда намешавад. Дар он рӯз тавбаи гунаҳкор ва имони шахси кофир қабул намешавад. (Муслим). Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар шаш кор саросема шавед, аз ҷумлаи онҳо баромадани офтоб аз тарафи мағриб”. (Муслим).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٤٧.jpg | Download |
ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device