
ОДОБ ВА АҲКОМИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ
Ҳар мусалмон бояд таҳорати ҳиссӣ ва маънавии худро ҳифз бикунад. Паёмбар ﷺ назофату покиро нисфи имон номиданд. Ва инчунин фармуданд: “Покӣ аз шохаҳои имон аст”. Дини Ислом ба роҳ ва ба ҷойҳои нишаст қазои ҳоҷат карданро манъ мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Аз ду лаънатгар дурӣ...
ОДОБ ВА АҲКОМИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ
Ҳар мусалмон бояд таҳорати ҳиссӣ ва маънавии худро ҳифз бикунад. Паёмбар ﷺ назофату покиро нисфи имон номиданд. Ва инчунин фармуданд: “Покӣ аз шохаҳои имон аст”. Дини Ислом ба роҳ ва ба ҷойҳои нишаст қазои ҳоҷат карданро манъ мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Аз ду лаънатгар дурӣ ҷӯед. Онҳо кистанд? Фармуданд: Онҳое, ки дар роҳи мардум ва дар сояи дарахт ва ҷойи нишасти онон, қазои ҳоҷат мекунанд”. Муслим.
Ба оби истода қазои ҳоҷат карданро манъ карданд:“Ба оби истода яке аз шумо пешоб накунад”. Ба мо амр шудааст, ки худ ва либосамонро аз пешоб эҳтиёт кунем: “Аз пешоб эҳтиёт кунед, зеро бештари азоби қабр аз он аст”. Ба мо воҷиб аст, ки баъди қазои ҳоҷат бо об, санг ва ё коғаз ва ба монанди инҳо худро пок бикунем. Ва дар вақти қазои ҳоҷат аз рӯйи эҳтиром дасти ростро истифода набарем:“Агар яке аз шумо дохили ҳоҷатхона мешавад, пас олати худро бо дасти росташ нагирад”. Ва бояд мо дуои даромадан ва баромадан аз ҳоҷатхонаро бихонем: “Ба номи Аллоҳ, Парвардигоро! Ман аз шайтонҳои нарина ва модина ба Ту паноҳ мебарам”. “Ғуфронака”. (яъне маро мағфират намо). Рӯ ба сӯйи қибла нанишинад ва сухан ва хитоб накунад ва ҳам зикри Аллоҳ накунад. Аз мардум худро пинҳон дорад. Аллоҳ таъоло аҳли Қуборо таъриф карда чунин фармуд: “Дар онҷо мардоне ҳастанд, ки пок шаванд. Ва Аллоҳ пок бошандагонро дӯст медорад”. Тавба:108.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-43-39.jpg | Download |

ОДОБ ВА АҲКОМИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device