ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
آداب بر الوالدين في القرآن و السنة ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ Аллоҳ фармудааст: "Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беҳурматиро ба онҳо...
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
آداب بر الوالدين في القرآن و السنة
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Аллоҳ фармудааст: "Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беҳурматиро ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона бигӯ".Нисо-23.25. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, хондани намоз ва некӣ ба падару модар аст". Бухорӣ. Инчунин фармуданд: “Ҳақдортарин мардум ба сӯҳбати ту ин модарат, пас модарат, пас модарат ва пас падарат аст".Бухорӣ. Ва фармуданд: “Ба назди падару модарат бозгард ва ба онҳо некӣ бикун!". Муслим. Ва фармуданд:"Розигии Парвардигор дар розигии падар аст, ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст". Тирмизӣ. Албатта дар корҳои савоб, некӣ ба волидайн воҷиб аст, вале дар корҳои ширк ва маъсият некӣ ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ Холиқи ҳақиқӣ ва волидайн сабаби ба вуҷӯд овардани фарзандон ҳастанд. Куфри волидайн сабаби даст кашидани фарзанд аз онҳо нест. Шахсе, ки ба волидайни худ амали хайре накард, аз он инсон хайре нест. Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, некӣ ба падару модар аст. Аллоҳ фармуд: "Аллоҳро ибодат кунед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред ва ба падару модар некӣ кунед". Нисо-36. Некӣ ба волидайн сабаби қабули амал аст, ки он зарурат ба сабр дорад. Ва барои ҳар мусалмон некӣ кардан ба волидайни худ фарзи айн аст.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_١٧-٥٠-٥٤.jpg | Download |
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device