
НАСИҲАТ
النصيحة НАСИҲАТ Аллоҳ фармуд: "Ва Мо Паёмбаронро ба ҷуз башоратдиҳанда ва бимкунанда намефиристем. Пас бар онон, ки имон оварданд ва некӯкорӣ карданд, ҳеҷ тарс набувад ва онҳо андӯҳгин намешаванд. Ва ба касоне, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат карданд, ба сабаби нофармонӣ ва фосиқ...
НАСИҲАТ
النصيحة
НАСИҲАТ
Аллоҳ фармуд: "Ва Мо Паёмбаронро ба ҷуз башоратдиҳанда ва бимкунанда намефиристем. Пас бар онон, ки имон оварданд ва некӯкорӣ карданд, ҳеҷ тарс набувад ва онҳо андӯҳгин намешаванд. Ва ба касоне, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат карданд, ба сабаби нофармонӣ ва фосиқ буданашон азоби Илоҳӣ бирасад". Анъом:48,49. Насиҳат кардан фоидаҳои зиёд дорад. Насиҳат итоати амри Парвардигор, итоати суннатҳои қавлӣ ва феълии Паёмбар ﷺ ва иқтидо кардан ба Паёмбарони гузашта аст. Насиҳат дурӣ аз сифатҳои аҳли нифоқ ва собит будан дар рӯйи замин аст. Насиҳат иҷобати даъват, дастёбӣ ба корҳои хайр, адои ҳаққи фарзанд ва адои ҳуқуқи мусалмонон аст. Насиҳат ҳаққе аз ҳақҳои роҳ ва ҳаққе аз ҳақҳои маҷлис аст. Насиҳат амну амон аз ҳалокату азоб аст. Насиҳат солим мондан аз лаънатҳо ва наҷот аз маъсият аст. Насиҳат фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад. Насиҳат ба ҳама мусалмонон амонат аст. Нӯҳ алайҳис салом қавми худро шабу рӯз насиҳат мекард. Насиҳат дар дунё шаъну шарафи бузурге дорад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Дин насиҳат аст, дин насиҳат аст, дин насиҳат аст". Насиҳат одобҳо дорад: 1. Насиҳат холис барои Аллоҳ бошад. 2. Насиҳат барои нафс, дунё ва шаҳват набошад. 3. Насиҳат дар танҳо будан беҳтар аст, зеро наздик ба қабули насиҳат аст. 4. Насиҳат бояд бо меҳрубонӣ ва бо оромӣ бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٤٦-١٤.jpg | Download |

НАСИҲАТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025