НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ
الصلاة في أوقات الكراهة НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ Аз Амр ибни Абасаи Саҳлӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам; Эй Расулуллоҳ, аз донише, ки Аллоҳ ба ту додааст ва ман онро намедонам, ба ман биёмӯз ва ҳам намозро ба ман омӯзиш бидеҳ. Фармуданд: “Намози бомдодро баҷо овар,...
НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ
الصلاة في أوقات الكراهة
НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ
Аз Амр ибни Абасаи Саҳлӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам; Эй Расулуллоҳ, аз донише, ки Аллоҳ ба ту додааст ва ман онро намедонам, ба ман биёмӯз ва ҳам намозро ба ман омӯзиш бидеҳ. Фармуданд: “Намози бомдодро баҷо овар, сипас то вақте ки офтоб ба андозаи як найза боло биёяд, аз хондани намоз худдорӣ бикун, зеро офтоб дар вақти баромадан аз миёни ду шохи шайтон тулӯъ мекунад. Ва ин замоне аст, ки кофирон барои офтоб саҷда мекунанд. Сипас намоз бихон, зеро намоз хондан бо ҳузури фариштагон аст. Ва вақте ки сояи найза ва ё сояи ҳар чизи дигар ба камтарин ҳадди он бирасад, аз хондани намоз худдорӣ бикун, чун дар ин вақт дӯзах шуълавар ва барафрӯхта мешавад. Ва вақте ки соя ба самти машриқ майлкунанда аст, намоз бихон. Зеро хондани намоз бо ҳузури фариштагон аст, то ин ки намози Асрро баҷо оварӣ. Пас аз намози Аср то ғуруби офтоб намоз нахон, зеро офтоб дар миёни ду шохи шайтон ғуруб мекунад ва кофирон дар ин вақт барои офтоб саҷда мекунанд”. (Муслим). Ва ба мо мустаҳаб аст, ки дар ҳама вақтҳо намози нафл бихонем, магар дар вақтҳо манъшуда, ки дар ҳадис ворид шуд. Ва вақтҳо макрӯҳ; 1. Баъди намози Бомдод, то баромадани офтоб ва баъди он понздаҳ дақиқа. 2. Дар нисфи рӯз пеш аз намози пешин, ки камтар ва ё бештар аз панҷ дақиқа аст. 3. Баъди намози Аср, то нишастани офтоб. Яъне, баъди хондани намози аср, то ғуруби офтоб, ки хондани ҳамагуна намоз ҳаром аст. Пас ҳикмати манъ ин аст; 1. Дурӣ аз монанд шудан ба кофироне, ки ба офтоб саҷда мекунанд, зеро саҷдаи онҳо аз рӯйи хурсандӣ ва пешвозгирии офтоб аст. Ва дар вақти ғуруби офтоб, ҳамчу видоъ ба ӯ саҷда мекунанд. 2. Ҳарисии Паёмбар ﷺ ба бастани ҳар даре, ки моро ба ширк мебарад. 3. Дар вақти қиёми офтоб оташи дӯзах шуълавар карда шуда, дарҳои он кушода мегардад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٥-٤٠.jpg | Download |
НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device