
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
أنواع التبرك НАВЪҲОИ ТАБАРРУК Табаррук дар луғат ба маънои бисёр шудан ва ба субут расондан аст. Табаррук дар шариъат ба маънои талаби баракат ва умеду эътиқоди он аст. Табаррук бар ду қисм аст; Табарруки шаръӣ ва табарруки манъшуда. Табарруки шаръӣ: 1-Табаррук ба зоти Паёмбар...
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
أنواع التبرك
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
Табаррук дар луғат ба маънои бисёр шудан ва ба субут расондан аст. Табаррук дар шариъат ба маънои талаби баракат ва умеду эътиқоди он аст.
Табаррук бар ду қисм аст; Табарруки шаръӣ ва табарруки манъшуда. Табарруки шаръӣ: 1-Табаррук ба зоти Паёмбар ﷺ, ки он танҳо хос дар вақти ҳаёташон буд. 2-Табаррук ба гуфтор ва амалҳои шаръӣ, ки ҳаргоҳ банда онро анҷом диҳад, барои ӯ хайру баракат ҳосил мешавад, ба монанди қироъати Қуръон ва зикри Аллоҳ. 3-Табаррук ба маконҳое, ки Аллоҳ он ҷойро баракат қарор додааст, ба монанди масҷидҳо ва шаҳрҳои Макка, Мадина ва Байтул Муқаддас. Табаррук ҷӯстан, яъне кори хайр кардан ва барои Аллоҳ ба амалҳои шаръӣ бандагӣ кардан аст, вале масҳ кашидани деворҳо ва сутунҳои он маконҳо ҷоиз нест. 4-Табаррук ба замонҳое, ки Аллоҳ онҳоро ба зиёдатии фазл ва баракат хос гардондааст, ба монанди моҳи Рамазон ва даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва шаби Қадр ва сеяки охири шаб. 5-Табаррук ба таомҳое, ки Аллоҳ дар онҳо баракат қарор додааст, ба монанди равғани зайтун, асал, шир, сиёҳдона ва оби замзам.
Табарруки манъшуда: 1-Масҳ кашидан ба деворҳо ва маконҳое, ки баракати онҳо аз рӯи шариъат собит нашудааст. Ва табаррук кардани қабри накӯкорон ва маконҳое, ки ба ҳодисаҳои таърихӣ робита доранд, ба монанди макони таваллуди Паёмбар ﷺ ва ғори Ҳиро ва ғори Савр. 2-Табарруки замонҳо: Ба монанди рӯзи таваллуди Паёмбар ﷺ ва шаби Исро ва Меъроҷ ва шаби нисфи аз моҳи Шаъбон. Қоидаҳои муҳим дар масъалаи табаррук: 1-Табаррук ибодат аст ва асл дар ибодатҳо манъ аст, то ки далеле бар ҷоиз будани он вуҷуд дошта бошад. 2-Албатта ҳама баракат аз ҷониби Аллоҳи ягона аст, пас Ӯст ки Молики он ва Бахшандаи он аст, пас аз ғайри Ӯ чизеро талаб карда намешавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١٢-٤٢-١٠.jpg | Download |

НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device