НАВЪҲОИ РУҚЯ
أنواع الرقية НАВЪҲОИ РУҚЯ Руқя ба ду қисм тақсим мешавад: Руқяи шаръӣ ва руқяи ширкӣ. Се шарти руқяи шаръӣ ва ё яке аз онҳо таҳқиқ наёбад, пас он аз шаръӣ ба ширкӣ интиқол меёбад ва дар ҳамин ҳолат шахси соҳирро шинохта мешавад. 1.Руқяи шаръӣ бояд аз китоби Қуръон, ба мисли сураи...
НАВЪҲОИ РУҚЯ
أنواع الرقية
НАВЪҲОИ РУҚЯ
Руқя ба ду қисм тақсим мешавад: Руқяи шаръӣ ва руқяи ширкӣ. Се шарти руқяи шаръӣ ва ё яке аз онҳо таҳқиқ наёбад, пас он аз шаръӣ ба ширкӣ интиқол меёбад ва дар ҳамин ҳолат шахси соҳирро шинохта мешавад.
1.Руқяи шаръӣ бояд аз китоби Қуръон, ба мисли сураи Фотиҳа, ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам, ба мисли “Аъузу бикалимотиллоҳит томмоти мин шарри мо халақ”, ва ё аз номҳо ва сифоти Аллоҳ таъоло бошад, ба мисли “Ё Ҳайю ё Қайюм”.
2. Руқяи шаръӣ бояд бо ҷумлаҳо ва калимаҳои маълум ва мафҳум бошад. Ва он бо овози баланд бошад, ки онро шунида шавад. Аммо надонем, ки он чӣ мегӯяд, ба ӯ бояд гуфта шавад, ки ончи мегӯйи мехоҳам бишнавам. Руқяи шаръӣ бояд бо луғати арабӣ бошад, магар дуо кардан бо луғати худаш бошад, иҷозат аст. Ва инчунин ҷоиз нест, ки номҳои некӣ Аллоҳро бо забони худаш бигӯяд.
3.Эътиқод дошта бошад, ки руқя танҳо сабаб аст. Оне, ки танҳо манфиатҳоро ҷалб карда зарарҳоро дур мекунад, танҳо Аллоҳ таъоло аст. Пас агар як шарти руқя таҳқиқ наёбад, руқяи шаръӣ ба руқяи ширкӣ табдил меёбад. Бисёр мушкилиҳо дар мардуми мо вуҷуд дорад, ки ба назди шайхе рафта мегӯяд: “Ман бемор ҳастам, сеҳр ва чашм шудаам. Шайх мегӯяд: Ҳама даво дар назди ман аст”.
Сеҳр ва чашм мавҷуд аст, лекин мардум бояд қалби худро ба Холиқи якто баста бошанд ва дари шарро ба мардум накушоянд. Бинобарин бо он мардуме, ки эътиқоде надоранд ва ё ҷоҳил ҳастанд, бояд бирасонем, ҳамчуноне ки Паёмбар ﷺ руқяи шаръӣ ва ширкиро ба мардум расонданд ва таълим доданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٠٨-٢٤-٥٣.jpg | Download |
НАВЪҲОИ РУҚЯ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device