МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
محبة الله تكون باتباع سنة نبييه ﷺ МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ Мардум даъвои муҳаббати Аллоҳ таъолоро мекарданд, пас Аллоҳ ин оятро нозил кард: “Бигӯ, Аллоҳро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад”. Пас ин оят ҳамон тарозу...
МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
محبة الله تكون باتباع سنة نبييه ﷺ
МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
Мардум даъвои муҳаббати Аллоҳ таъолоро мекарданд, пас Аллоҳ ин оятро нозил кард: “Бигӯ, Аллоҳро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад”. Пас ин оят ҳамон тарозу аст, ки масалан шахсе як кори бидъатеро иҷро мекунад, пас ӯ дар дини Аллоҳ навоварӣ кардааст. Ва он касе, ки дар дини Аллоҳ бидъатеро иҷро кардааст, оё Паёмбар ﷺ ро дӯст медорад? Имом Молик раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Касе даъво кунад, ки дар Ислом бидъати ҳасана вуҷуд дорад, лекин медонад, ки бидъат ҳасана ва ғайри ҳасана намешавад, ҳама бидъатҳо залолат ва гумроҳӣ аст. Қавли Паёмбар ﷺ аст, ки фармуданд: “Касе, ки дар Ислом бидъатеро иҷро кард ва онро амали нек донист, пас ба таҳқиқ даъво кардааст, ки Муҳаммад ﷺ ба рисолати Илоҳӣ хиёнат кардааст”). Бинобарин шахсе гӯяд, ки Муҳаммад ﷺ ба рисолаташ хиёнат кард, ин куфри акбар аст. Аллоҳ таъоло дар Қуръон фармуд: “Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр намудам”. (Сураи Оли Имрон). Бидонед, ки ин дин комилшуда аст. Чизе аз он намондааст, магар ин ки пайрави Паёмбар ﷺ бошем. Ва он роҳе, ки Паёмбар ﷺ рафтанд, мо низ бо ҳамон роҳ биравем. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки дар дини мо навоварие меорад, ки он аз мо нест, пас он ботил аст ва мақбул нест”. (Бухорӣ ва Муслим).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢١-٤٤.jpg | Download |
МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device