
МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН
موسي عليه السلام و السحرة МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН Бештарин қиссае, ки дар Қуръони Карим омадааст, ин қиссаи Мусо (алайҳис салом) ва ҷодугарони Фиръавн аст. Вақте ки Фиръавн ва зердастонаш даъвати Мусо (алайҳис салом)ро қабул накарданд ва гумон карданд, ки он ҳама сеҳр...
МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН
موسي عليه السلام و السحرة
МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН
Бештарин қиссае, ки дар Қуръони Карим омадааст, ин қиссаи Мусо (алайҳис салом) ва ҷодугарони Фиръавн аст. Вақте ки Фиръавн ва зердастонаш даъвати Мусо (алайҳис салом)ро қабул накарданд ва гумон карданд, ки он ҳама сеҳр аст, пас Фиръавн тамоми соҳирони он диёрро ҷамъ кард, то бар зидди Мусо (алайҳис салом) коре бикунанд. Зеро дар он замон ҷодугарон дар байни мардум шуҳрату маконати зиёде пайдо карда буданд. Онҳо барои соҳир шудан таълим гирифта ва таълим медоданд. Аллоҳ фармуд: “Гуфтанд:«Мавқуф дор ӯро ва бародарашро ва дар шаҳрҳо ҷамъоварандагонро бифирист. То ҳар ҷодугари доноро пеши ту биёранд!».(Шуаро:36.37). Яъне, ҳар ҷодугаре бо сеҳраш меояд, ки ба онҳо маблағи бузургеро ваъда кард. Пас чун ҷодугарон ҳозир шуданд, ба Фиръавн гуфтанд: “Оё агар мо ғолиб шавем, барои мо музде ҳаст? Фиръавн гуфт: Бале шумо онгоҳ аз муқаррабон бошед”. (Шуаро:41.42). Пас ба рӯзи ваъда расиданд ва ҷодугарон ва ҳам мардумон ҷамъ шуданд. Ҷодугарони Фиръавн бо такаббурӣ гуфтанд: “Эй Мусо, ё ин аст, ки ту биафканӣ ё мо аввалин касе бошем, ки биафканем”. (Тоҳо:65). Мусо (алайҳис салом) гуфт: “Он чиро, ки шумо афканандаи он ҳастед, биафканед”. (Шуаро:43). Вақте, ки соҳирон он сеҳру чашмбандиҳоро нишон доданд, қалбҳои мардум низ аз корҳои онҳо ба тарс даромад. Дар ҳамон вақт Мусо (алайҳис салом) асои худро ба назди онҳо андохт, ногаҳон он асо тамоми банду сеҳри ҷодугаронро фурӯ бурд. Ҳама ин ҳолатро мардум медиданд. “Пас ҳақ собит шуд ва он чи онҳо мекарданд, ботил шуд”. (Аъроф:117.118). Пас ҷодугарон гуфтанд: “Ба Парвардигори оламиён имон овардем, Парвардигори Мусо ва Ҳорун”. Аъроф:121.122. Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири сураи Тоҳо ояти 72 ва 73 гуфт: “Дар аввали ҳамон рӯз он ҷодугарон аз бадтарин инсонҳо буданд, лекин дар охири рӯз аз ҷумлаи беҳтарин шаҳидон гардиданд”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٥-٢١.jpg | Download |

МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025