
МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
رقابة الوالدين لأولادهما МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР Дар ҳар вақт ва ё дар як ҳафта як маротиба падару модар чизҳои шахсии фарзандони худро бояд тафтиш бикунанд, зеро ҳеҷ шакке нест, ки шайтон ҳама он чизҳои манъшударо ба фарзандонашон зиннат медиҳад. Хоссатан...
МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
رقابة الوالدين لأولادهما
МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
Дар ҳар вақт ва ё дар як ҳафта як маротиба падару модар чизҳои шахсии фарзандони худро бояд тафтиш бикунанд, зеро ҳеҷ шакке нест, ки шайтон ҳама он чизҳои манъшударо ба фарзандонашон зиннат медиҳад. Хоссатан чизҳое, ки назар кардан ба онҳо ҳаром аст ва ё он чизҳое, ки гӯш кардани онҳо ҷоиз нест. Ин ҳамон масъулияте аст, ки Аллоҳ таъоло ба падару модар онро воҷиб гардонидааст. Ва бисёр писарону духтаронро падару модар сабаб шудаанд, ки ҳидоят ёбанд ва он гуноҳ ва мункаротеро, ки мекарданд, онро тарк намоянд. Зеро падару модар аз аввал дар муроқабати онҳо буданд. Онҳоро аз рӯзе, ки ба роҳ даромаданд аз дӯст ва дугонаҳои бад ҳазар мекунонданд ва ба назди онҳо намемонданд. Ва дар бисёр вақтҳо падару модар аз гуноҳу мункароти фарзандонашон бохабар мешуданд ва бо роҳи тафтиш кардани халтаи китоб ва ё бо хондани китоби онҳо ва ё бо донистани дӯстони онҳо. Чанд аз писарону духтарон таманно мекунанд, ки эй кош падару модар медоштем ва онҳо моро тарбия медоданд. Ин ҳама муроқибатҳо баъди зоҳир шудани бадии онҳо аст, лекин фарзанде, ки дар ҳақиқат хуб аст ва аз ҳама бадиҳо худро дур медошт, пас муроқабати онҳо ба падару модар шарт нест. Зеро дар чунин ҳолат онҳоро тафтиш карда шавад, дар байни онҳо гумони бад ва ҷосусӣ пайдо мешавад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй муъминон аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед”. Ва агар рӯзе падару модар аз чизҳои шахсии фарзандони худ чизи манъшударо пайдо карданд, пас ба онҳо воҷиб аст, ки онро нест кунанд ва он гуноҳро ба гардани фарзанд монда онҳоро насиҳат бикунанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: (Касе аз шумоён агар мункареро бубинад, пас бо дасташ онро тағйир бидиҳад, агар натавонист, бо забонаш тағйир диҳад ва агар натавонист, пас онро бо қалбаш бад бубинад, ки он аз заъифтарин имон аст”. Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٥١ (2).jpg | Download |

МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025