
МУЗОРАБА
المضاربة МУЗОРАБА Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва баъзе аз онҳо ба сафар барои касб ва тиҷорат аз карами Аллоҳ рўзӣ металабанд". Музаммил-2. Музораба аз калимаи арабии (зараба) задан, гирифта шуда, маънои қадам задан дар заминро дорад. Ва сафар дар рўйи замин барои тичорат аст. Дар шариъат...
МУЗОРАБА
المضاربة
МУЗОРАБА
Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва баъзе аз онҳо ба сафар барои касб ва тиҷорат аз карами Аллоҳ рўзӣ металабанд". Музаммил-2. Музораба аз калимаи арабии (зараба) задан, гирифта шуда, маънои қадам задан дар заминро дорад. Ва сафар дар рўйи замин барои тичорат аст. Дар шариъат зери мафҳуми музораба аҳди байни соҳиби пулу мол ва тоҷирро мефаҳманд. Ин аҳд ё созиш байни ин ду нафар бо мақсади ба даст овардани фоида аз тичорат баста мешавад. Яъне соҳиби пулу мол, ки худ ба тичорат машғул шуда наметавонад бо тоҷире созиш мекунад, ки пулу моли ўро гирифта бо он тиҷорат кунад. Онҳо байни худ аз рўйи аҳдашон фоидаи тиҷоратро тақсим мекунанд. Ва музорабаро қироз (додани мол ё маблағ ба шахсе) низ меноманд. Ва он аз калимаи арабии қараза гирифта шуда, маънои чудо карданро дорад. Барои он ки соҳиби мол чузъе аз молаш ё маблағашро барои тиҷорат ҷудо мекунад, ки дар он қисме аз фоида аз они ўст. Ва музорабаро инчунин муомила меноманд. Ва мақсад аз муомила ин чо ақди тарафайн, ки дар он мол ё пули нақде барои тичорат ба шахси дигаре дода мешавад. Дар асоси ин ақд фоида байни эшон мувофиқи аҳдашон тақсим шавад. Ҳофиз ибни Ҳаҷар раҳматуллоҳи алайҳ гуфт: “Ин амал дар асри Паёмбар ﷺ собит буд. Ва онро Паёмбар ﷺ медонистанд ва иқрор кардаанд. Бинобарин, ин амал албатта ҷоиз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Мусалмонон назди шартҳояшон ўҳдадор ҳастанд". Бухорӣ. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: “Сайиди мо Аббос ибни Абдумуталиб разияллоҳу анҳу вақте ки моли музорабаро ба тоҷире медод шарт мекард, ки бо роҳи баҳри сафар накунад, ба водие нозил нашавад, ва ҳайвоне нахарад. Иҷмои Уламои Ислом ин аст, ки ҷамоъате аз саҳобагон разияллоҳу анҳум моли ятимро ба музораба додаанд. Аз ҷумлаи онҳо Ума, Усмон, Алӣ, Ибни Масъуд, Ибни Умар, Убайдуллоҳ ибни Амр разияллоҳу анҳум ва модари муъминон Оиша разияллоҳу анҳо буданд. Ва ривояте нест, ки онҳо ин амалро инкор карда бошанд. "Бадо-ус-саноъе".
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-١٨.jpg | Download |

МУЗОРАБА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device