
МОҲИ МУҲАРРАМ
شهر المحرم МОҲИ МУҲАРРАМ Моҳи Муҳаррам моҳи Аллоҳ аст, ки он аввалин моҳи солшумории ҳиҷрӣ мебошад. Ин моҳ яке аз чаҳор моҳи ҳаром аст, ки Аллоҳ онро дар Қуръон чунин зикр кардааст: “Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо наздики Аллоҳ дар китоби Аллоҳ, аз рӯзе, ки осмонҳову заминро офарид,...
МОҲИ МУҲАРРАМ
شهر المحرم
МОҲИ МУҲАРРАМ
Моҳи Муҳаррам моҳи Аллоҳ аст, ки он аввалин моҳи солшумории ҳиҷрӣ мебошад. Ин моҳ яке аз чаҳор моҳи ҳаром аст, ки Аллоҳ онро дар Қуръон чунин зикр кардааст: “Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо наздики Аллоҳ дар китоби Аллоҳ, аз рӯзе, ки осмонҳову заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст. Аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром аст. Ин аст дини дуруст. Пас, дар он чаҳор моҳ ба нафси худ ситам макунед. Ва бо ҳамаи мушрикон ҷанг кунед, чуноне ки онҳо бо ҳамаи шумо ҷанг мекунанд. Ва бидонед, ки Аллоҳ бо парҳезгорон аст”.Тавба:36. Ва он моҳҳо моҳи Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб аст. Ва ҳамчуноне, ки онро ба мо Паёмбар ﷺ баён карданд. Ва аз бузургӣ ва шарафи ин моҳ ин аст, ки ин моҳро Паёмбар ﷺ ба номи Аллоҳ изофа карданд. Моҳи Аллоҳ номидан аз рӯйи бузург доштани ин моҳ буд. Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Афзалтарин рӯза баъди рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам аст. Ва афзалтарин намоз баъди намозҳои фарзӣ , намози шаб аст”. Муслим. Дар ин моҳ ба якдигар зулм накарданро таъкид карданд, ки зулм дар дигар моҳҳои сол низ ҳаром аст. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Пас дар он чаҳор моҳ бар худ зулм накунед”. Сураи Тавба. Модоме, ки зулм кардан дар ҳама вақту замон ҳаром аст. Дар тафсири ин оят Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо мегӯяд: (Дар ҳама вақт ва хоссатан дар ин чаҳор моҳи ҳаром, ки ҳурмати он хеле бузург аст, гуноҳон низ бузург гардида аҷру савоб ҳам бузург мешаванд. Ва рӯза доштан дар ин моҳ аз беҳтарин амалҳои нафлӣ аст).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٥-٠٢.jpg | Download |

МОҲИ МУҲАРРАМ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device