МОҲИ ЗУЛҚАЪДА
شهر ذوالقعدة МОҲИ ЗУЛҚАЪДА Аллоҳ таъоло баъзе моҳҳоро ба баъзе дигар бартарӣ додааст. Ва аз моҳе, ки Аллоҳ таъоло онро фазилат додааст, моҳи Зулҳиҷҷа аст. Ин моҳро Зулҳиҷҷа номида шуд, зеро арабҳо ба хотири эҳтироми он омодагӣ ба Ҳаҷ мебинанд ва дар ин моҳи Зулқаъда аз ҷангидан...
МОҲИ ЗУЛҚАЪДА
شهر ذوالقعدة
МОҲИ ЗУЛҚАЪДА
Аллоҳ таъоло баъзе моҳҳоро ба баъзе дигар бартарӣ додааст. Ва аз моҳе, ки Аллоҳ таъоло онро фазилат додааст, моҳи Зулҳиҷҷа аст. Ин моҳро Зулҳиҷҷа номида шуд, зеро арабҳо ба хотири эҳтироми он омодагӣ ба Ҳаҷ мебинанд ва дар ин моҳи Зулқаъда аз ҷангидан бо ҳамдигар даст мекашиданд. Яке аз хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки моҳи Зулқаъда оғози моҳи ҳаром аст. Арабҳо ба хотири амнияти мардум ва ҳоҷиҳо дар роҳҳои Ҳаҷ ҷангиданро манъ карданд. Ин амалҳо пеш аз Ислом буд. Пас вақте ки Ислом омад, эҳтироми ин моҳ ва даст кашидан аз куштор сахттар гардид. Дар ин моҳ зулм ба якдигар манъ шуд, зеро ин амрро онҳо бузург медонистанд. Гарчанде зулм дар ҳама моҳҳо манъ шудааст. Ва дигар хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо дар ҳамин моҳ чаҳор маротиба умра карданд. Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чаҳор маротиба умра карданд, ки ҳамаи он дар моҳи Зулқаъда буд, магар умрае, ки ҳамроҳи Ҳаҷҷашон адо намуда буданд”. Имом Нававӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта умра кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин моҳи Зулқаъда аз рӯйи фазилати ин моҳ ва мухолифат варзидан ба замони ҷоҳилият аст. Зеро дар замони ҷоҳилият умра кардан дар моҳҳои ҳаромро гуноҳ ва фисқу фуҷур медонистанд”. Аз Абубакра разияллоҳу анҳу омадааст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Сол дувоздаҳ моҳ дорад, аз онҳо чаҳор моҳ моҳҳои ҳаром мебошанд. Сетои онҳо пайи ҳам омадааст; Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб ҷудогона байни Ҷумодул-охир ва Шаъбон ҷой гирифтааст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٢٠.jpg | Download |
МОҲИ ЗУЛҚАЪДА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device