МАҲРАМҲО КИСТАНД?
من هم المحارم؟ МАҲРАМҲО КИСТАНД? Маҳрам касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст. Шахсоне, ки бар писарон ва мардҳо маҳрам ҳисоб мешаванд: Модар ва модаркалон, духтар ва духтари фарзанд, хоҳар ва хоҳарзода (духтари хоҳар), бародарзода (духтари бародар), амма (аммаи худ ва аммаи падару...
МАҲРАМҲО КИСТАНД?
من هم المحارم؟
МАҲРАМҲО КИСТАНД?
Маҳрам касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст. Шахсоне, ки бар писарон ва мардҳо маҳрам ҳисоб мешаванд: Модар ва модаркалон, духтар ва духтари фарзанд, хоҳар ва хоҳарзода (духтари хоҳар), бародарзода (духтари бародар), амма (аммаи худ ва аммаи падару модар), хола (холаи худ ва холаи падару модар). Шахсони мазкур ба сабаби хешовандии насабӣ бо ҳам маҳраманд ва гурӯҳи дигаре ҳам ба сабаби издивоҷ маҳрам мешаванд: Модар ва модаркалони зан, духтари зан, ҳарчанд духтари худаш набошад, зани падар, зани писар. Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд, дигар занҳо номаҳраманд, ҳатто зани бародар ва хоҳари зан, агарчанде хоҳари зан то муддате, ки хоҳараш ҳамсари ӯст ҳаром мебошад, яъне издивоҷ бо ду хоҳар ҷоиз нест, магар ин ки аз дунё биравад ва ё ӯро талоқ диҳад. Издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайри мусулмон ҳаром аст ва низ издивоҷи марди мусулмон бо зани бутпараст ва мушрик ҳаром мебошад. Ва барои зани мусулмон ин ашхос маҳрам мебошанд ва издивоҷ бо онҳо ҳаром аст: Писар ва набера, падар ва бобо, бародар, бародари модар (тағо), бародари падар (амак), писар ва набераи бародар, писар ва набераи хоҳар. Ва гурӯҳи дигар бо сабаби хешовандӣ ва пас аз издивоҷ маҳрам мешаванд: Домоди худ ва домоди фарзанд, шавҳари модар (падарандар), писари шавҳар (ҳарчанд писари худаш набошад), падари шавҳар. Баъзе аз арабҳо дар қадим мегуфтанд: Шаш намуд занонро ба никоҳи худ нагиред: 1. Ал Аннона: Он зане, ки бисёр шикояткунанда ва ҳар соат асабонӣ аст. 2. Ал Маннона: Он зане, ки ба шавҳараш миннат мекунад ва мегӯяд, ки ба хотири ту чунин ва чунон кардам. 3. Ал Ҳаннона: Он зане, ки ҳамеша ба шавҳараш нолону гирён мекунад. 4. Ал Ҳаддоқа: Он зане, ки ҳар чизе ки мебинад онро орзу карда шавҳари худро маҷбур мекунад, то онро бихарад. Аз чизҳои хона бошад ва ё чизҳои хона. Чашми чунин занон гурсна аст, зеро ҳеҷгоҳ сер намегардад. 5. Ал Барроқа: Он зане аст, ки чашм ва назари бади шайтонӣ дорад. Ва он зане аст, ки аҳли оилаи худро ба чизе тӯҳмат мекунад. 6. Аш Шаддоқа: Он зане аст, ки бе ягон шарм доштан ва ё хаста шудан гапи бисёр мезанад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٢٦.jpg | Download |
МАҲРАМҲО КИСТАНД?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device