МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС

  • Version
  • Download 68
  • File Size 264.25 KB
  • File Count 1
  • Create Date
  • Last Updated February 28, 2024

МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС

ضوابط اللباس
МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
Дини Ислом ташвиқ ба зинат ва зебоӣ мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати худро бигиред”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло дӯст медорад, ки асари неъматашро дар бандааш бубинад”. Бухорӣ. Дар зинати либоспӯшӣ маҳдудиятҳо аст:
1.Либоси занон набояд ба либоси мардон монанд бошад: “Аллоҳ лаънат кард он мардҳоеро, ки ба занон ва он заноне, ки ба мардон монандӣ мекунанд”. Аҳмад.
2.Ба либоси кофирон ва фосиқон монанд бошад: “Он шахсе, ки ба як қавме монанд мешавад, пас он аз ҷумлаи онҳост”. Абудовуд.
3.Либосе, ки машҳур бошад: “Шахсе, ки дар ин дунё либоси шӯҳратёфтаро мепӯшад, Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ба ӯ либоси хоркунанда пӯшонда ба дӯзах мепартояд”. Ибни Моҷа. Мақсад аз либоси шӯҳратёфта, яъне байни мардум машҳӯр бошад. Агарчанде он либос қимату фахркунанда ва ё оддиву хоксор ва ё барои худнамоӣ бошад.
4.Либосе, ки дар он исроф бошад: “Бихӯред ва биошомед ва исроф накунед, ба дурустӣ ки Аллоҳ исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Аъроф:31.
5.Либоси ҳаромгардида бошад; Ба мисли либосе, ки сурати чизҳои ҷондор дорад ва ё салиб ё ситораи яҳӯд ва ё либоси тангу тунук ва кутоҳ бошад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

Attached Files

FileAction
photo_2024-02-28_16-05-21.jpgDownload
Scroll to Top