
МАЪНОИ КАЛИМАИ (ОМИН)
معني كلمة (آمين) МАЪНОИ КАЛИМАИ )ОМИН( Маънои калимаи "Омин", яъне "Парвардигоро иҷобат фармо". Калимаи “Омин” на аз сураи Фотиҳа ва на аз Қуръон аст, балки ин калима дуо аст, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: (Агар имом “ғайри мағзуби алайҳим валаззолин” гуфт, шумо низ Омин бигӯед, зеро...
МАЪНОИ КАЛИМАИ (ОМИН)
معني كلمة (آمين)
МАЪНОИ КАЛИМАИ )ОМИН(
Маънои калимаи "Омин", яъне "Парвардигоро иҷобат фармо". Калимаи “Омин” на аз сураи Фотиҳа ва на аз Қуръон аст, балки ин калима дуо аст, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: (Агар имом “ғайри мағзуби алайҳим валаззолин” гуфт, шумо низ Омин бигӯед, зеро бо ин амалатон Аллоҳ шуморо дӯст медорад”. (Муслим). Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар имом омин гуфт, пас шумо низ омин бигӯед, зеро агар Омини шумо ба Омини фариштагон мувофиқ ояд, гуноҳони гузаштаи шумо бахшида мешавад”.(Бухорӣ). Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта яҳӯд қавми ҳасадкунанда аст, зеро онҳо ба чизе ба моён ҳасад намекунанд, магар бар Ислом ва бар калимаи Омин”. (Ибни Хузайма). Пас ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки калимаи Омин аз оятҳои сураи Қуръон нест. Бинобар ин дар мусҳафҳо ин калима навишта нашудааст. “Омин” гуфтан баъди сураи Фотиҳа аз суннати намоз аст. Калимаи "омин"-ро бо ташдид гуфтан дуруст нест, зеро маънои калима дигар мешавад. Калимаи "Омин"-ро имом баъди "валаз-золин" бигӯяд ва муқтадӣ баъди "валаз-золин" ва ё баъди "омин"-и имом бигӯяд, зеро дар ин масъала амр васеъ аст. (Фатҳул-Борӣ ҷ.2 с.264). Ҷоиз аст, ки имом ва мақтадиҳо Оминро баланд бигӯянд. (Тирмизӣ ва Ибни Моҷа). Ҷаҳран Омин гуфтан дар намоз барои занон ҷоиз аст, агар ҷойи намози онҳо аз мардон ҷудо бошад ва ё ҳамроҳи маҳрами худ бошанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٦-٤٤.jpg | Download |

МАЪНОИ КАЛИМАИ (ОМИН)
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device