МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
ما معنى الايمان بالله؟ МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ? Имон овардан ба Аллоҳ, яъне имон овардан ба тавҳиди рубубият, улуҳият, асмоъ ва сифот ва имон овардан ба мавҷуд будани Аллоҳ аст. Имон овардан ба тавҳиди рубубият ин аст, ки албатта Аллоҳ таъоло дар халқ кардан, ризқ додан, яъне...
МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
ما معنى الايمان بالله؟
МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
Имон овардан ба Аллоҳ, яъне имон овардан ба тавҳиди рубубият, улуҳият, асмоъ ва сифот ва имон овардан ба мавҷуд будани Аллоҳ аст. Имон овардан ба тавҳиди рубубият ин аст, ки албатта Аллоҳ таъоло дар халқ кардан, ризқ додан, яъне дар ҳама афъолаш ягона аст. Имон овардан ба тавҳиди улуҳият ин аст, ки дар ибодат Аллоҳро ягона бидонад. Имон овардан ба асмоъ ва сифот ин аст, ки яъне ягона донистани Аллоҳ ба он чизе, ки худашро дар Қуръон васф кардааст ва ё бо забони Паёмбар ﷺ васф шудааст. Бинобарин он чизе, ки аз ному сифатҳояш собит шудааст, беягон тағйир ва табдил исбот кардан аст. Ва ҳам исбот кардани мавҷуд будани Аллоҳ таъоло, зеро касоне ҳастанд, ки мавҷуд будани Аллоҳро инкор мекунанд.
Ба мавҷуд будани Аллоҳ чаҳор далел аст: Ақл, ҳис, фитрат ва шаръ.
1. Ақл: Ин дунё Холиқи ягона дорад. Шахси оқил назар ба баҳру роҳҳо ва шабу рӯз бикунад, ки оё инҳоро ба ғайри Аллоҳ касе метавонад ба танзим дарорад? Аллоҳ фармудааст: “Оё бе ҳеҷ офаринандае офарида шудаанд ва ё онҳо худ офаридагоранд”. Тур:35.
2.Ҳис: Дар вақти сахтӣ ва ғаму андӯҳ дасти худро ба осмон мебардорӣ ва мегӯйӣ; “Бор Илоҳо, сахтиҳоро аз ман кушода фармо”, пас кушода гардад. Ва қиссаи се нафаре, ки дар ғор монданд ва дари ғор қулф гашт. Пас онҳо танҳо дуо карданд ва дари ғор боз шуд.
3.Фитрат: Ҳар мавлуд дар фитрат таваллуд мешавад, пас сабаби яҳӯдӣ, насронӣ ва маҷӯсӣ шудани онҳо падару модарашон ҳастанд.
4.Шаръ: Ягон оят дар китоби Аллоҳ мавҷуд нест, магар ин ки он ба тавҳид далолат мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١١-٢٨-٠٤.jpg | Download |
МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device