
ИМОМ МУСЛИМ
إمام مسلم ИМОМ МУСЛИМ Ҳофизи ҳадис ва парчами муҳаддисон, Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопӯрӣ, Абулҳусайн соҳиби китоби Саҳеҳ, ки дар Нишопӯр соли 204 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Аввал дар Нишопӯр талаби илм намуда, сипас барои талаби илми ҳадис ба Ироқ ва Ҳиҷоз...
ИМОМ МУСЛИМ
إمام مسلم
ИМОМ МУСЛИМ
Ҳофизи ҳадис ва парчами муҳаддисон, Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопӯрӣ, Абулҳусайн соҳиби китоби Саҳеҳ, ки дар Нишопӯр соли 204 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Аввал дар Нишопӯр талаби илм намуда, сипас барои талаби илми ҳадис ба Ироқ ва Ҳиҷоз сафар карданд. Саъйу кушиши зиёди имом Муслимро ҳамсолонашон, ки дар ҳамон аср зиндагӣ карда буданд, ба илму дониш ва бартарии ӯ шоҳидӣ доданд. Имом Муслим аз бисёр шайхҳо ҳадисҳоро шуниданд ва аз ӯ низ бисёр мардони ҳадисшинос ҳадисҳоро ривоят карданд. Ва аз шайхҳои имом Муслим; Аҳмад ибни Ҳанбал, Имом Бухорӣ, Исҳоқ ибни Роҳавай, Яҳё ибни Маъин, Абубакр ибни Абишайба ва ғайраҳо. Ва аз шогирдонашон; Абуҳотим Розӣ, Абуисо Тирмизӣ, Ибни Хузайма, Абуавонаи Исфаронӣ, Маккӣ ибни Абдон ва дигарон. Ва машҳуртарин китобҳои имом Муслим; Муснади Саҳеҳ, ки он маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” аст. Ин китоб аз китобҳои шашгонаи бовариноки ҳадис мебошад. Имом Муслим барои навиштани ин китоб понздаҳ сол умри худро сарф карданд. Ин китоб дар маконату қуввати аҳодис баъди китоби “Саҳеҳ Бухорӣ” аст, ки бисёр уламо ин китобро шарҳ додаанд. Ва дигар китобҳои Имом Муслим, китоби Табақот, Тамйиз, Куния ва Асмо ва ғайра аз китобҳое, ки чоп шудаанд ва ё дастнавис ҳастанд, мебошад. Шайхи Имом Муслим, Муҳаммад ибни Башшор дар ҳаққашон чунин гуфтанд: “Ҳуффози дунё чаҳор нафаранд: Абузуръа дар Рай ва Муслим дар Нишопӯр ва Абдуллоҳ Доримӣ дар Самарқанд ва Муҳаммад ибни Исмоил дар Бухоро”. Ибни Абдулбар гуфт: “Бузургӣ, имоматӣ ва мартабаи баланд бар ӯ ҷамъ шудааст, ки ин ҳама далолат бар саҳеҳ будани китоби ӯ мекунад”. Имом Муслим дар шаҳри Насробод дар наздикии шаҳри Нишопӯр дар моҳи Раҷаби соли 261 ҳиҷрӣ вафот карданд, ки 57 сол умр доштанд. Аллоҳ таъоло Имом Муслим ба Раҳмати васеъи худ ноил гардонад.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١٧-٤٠-٢٤.jpg | Download |

ИМОМ МУСЛИМ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025