ИМОМ БУХОРӢ (раҳимаҳуллоҳ)
إمام البخاري ) رحمه الله( ИМОМ БУХОРӢ )раҳимаҳуллоҳ) Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) амири муъминон дар илми ҳадис ва соҳиби китоби “Ҷомеъус саҳеҳ”. Имоми ҳуффоз ва саййиди муҳаддисон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳими Бухорӣ. Соли 194 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Имом Бухорӣ...
ИМОМ БУХОРӢ (раҳимаҳуллоҳ)
إمام البخاري ) رحمه الله(
ИМОМ БУХОРӢ )раҳимаҳуллоҳ)
Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) амири муъминон дар илми ҳадис ва соҳиби китоби “Ҷомеъус саҳеҳ”. Имоми ҳуффоз ва саййиди муҳаддисон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳими Бухорӣ. Соли 194 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Имом Бухорӣ хурдсол буданд, ки падарашон вафот кард. Пас имом Бухорӣро модарашон нигоҳубин карданд. Падари имом Бухорӣ, ки диндор буд, пеш маргашон чунин гуфт: “Ман намедонам, ки дар молам як дирҳаме аз ҳаром ва ё моли шубҳаноке ҳамроҳ шуда бошад”. Имом Бухорӣ дар хурдсолӣ нобино буданд. Модарашон Иброҳим алайҳис саломро дар хоб дид, ки ба ӯ гуфтанд: “Албатта Аллоҳ таъоло бо дуои зиёди ту биноии фарзандатро ба ӯ боз мегардонад”. Ва бузургтарин хоҳише, ки волидайни имом Бухорӣ доштанд, ин ислоҳи фарзандашон буд. Аз имом Бухорӣ пурсиданд, ки оғози коратон чигуна буд? Гуфтанд: “Кӯдаки хурдсол будам, ҳифзи ҳадис ва навиштани онро дӯст медоштам ва котиб будам”. Боз пурсанд, ки дар ҳамон вақт чанд сола будед? Гуфтанд: “Даҳсола ва ё камтар аз он будам”. Бинобарин дар илми имом Бухорӣ диндорӣ ва ибодат ҷамъ шудааст. Зеро имом Бухорӣ мегуфт: “Умедвор ҳастам, ки ба Аллоҳ лиқо кунам ва дар ҳисоб касеро ғайбат накарда бошам”. Ва аз бузургтарин китобҳои имом Бухорӣ китоби “Ҷомиъус саҳеҳ” аст, ки он саҳеҳтарин китоб баъди китоби Аллоҳ мебошад. Ва ба таҳқиқ тамоми уммат иттифоқ ба қабули ин китоб ҳастанд. Ин китобро имом Бухорӣ дар муддати шонздаҳ сол ҷамъ карданд. Ба ин китоб ҳадисе дохил накарданд, магар ин ки пеш аз ҳар ҳадис ду ракат намоз гузориданд. Уламо шоҳид бар он ҳастанд, ки дар ҳақиқат Бухорӣ олим ва имом буданд. Имом Бухорӣ гуфт: “Чизеро намедонам, ки ба он муҳтоҷ шуда бошам, магар ин ки онро дар китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар ﷺ пайдо кардам”. Имом Бухорӣ шаби иди Фитр, дар соли 256 ҳиҷрӣ вафот карданд. Аллоҳ ба раҳмати васеъи Худ дохил гардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١١-٥٣-٥٧.jpg | Download |
ИМОМ БУХОРӢ (раҳимаҳуллоҳ)
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device