ИЛМИ ҒАЙБ - Забони Тоҷикӣ
علم الغيب ИЛМИ ҒАЙБ Он чизе, ки Аллоҳ аз бандагонаш пинҳон кардааст, он илми ғайб аст. Пас ғайбро касе намедонад, аз гузашта бошад ва ё ҳозира ва ё оянда, магар ягона Аллоҳ таъоло:“Бигӯ, ҳеҷ кас аз онҳое, ки дар осмонҳову заминанд, ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва намедонанд, ки...
ИЛМИ ҒАЙБ - Забони Тоҷикӣ
علم الغيب
ИЛМИ ҒАЙБ
Он чизе, ки Аллоҳ аз бандагонаш пинҳон кардааст, он илми ғайб аст. Пас ғайбро касе намедонад, аз гузашта бошад ва ё ҳозира ва ё оянда, магар ягона Аллоҳ таъоло:“Бигӯ, ҳеҷ кас аз онҳое, ки дар осмонҳову заминанд, ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва намедонанд, ки кай барангехта мешаванд”. Намл:65. Лекин Аллоҳ таъоло ба баъзе аз бандагонаш баъзе умури ғайбро ончи хостааст, хабар дод. Ҳамчуноне, ки Паёмбар ﷺ аз қиссаҳои Паёмбарони гузашта, нишонаҳои рӯзи қиёмат ва корҳои бузурге, ки дар оянда воқеъ мешавад, хабар доданд. “Ӯ донандаи ғайб аст. Ва ҳеҷ якеро бар илми ғайби худ огоҳ намесозад, магар касе аз Паёмбар, ки ӯро писанд ояд”. Сураи Ҷинн. Ва барои илми ғайб панҷ калиди асосӣ аст, ки соҳиби он танҳо Аллоҳ аст. Ва илми ғайб ба дигар махлуқот пӯшида аст. 1. Касе намедонад, ки кай қиёмат мешавад, магар Аллоҳ таъоло. 2. Кай борон меборад ва дар кадом соат меборад ва ба куҷо меборад ва чӣ қадар меборад, касе намедонад, магар Аллоҳ таъоло. 3. Ончи дар раҳмҳост онро бо илми комилу муфассал касе намедонад, магар Аллоҳ таъоло, ки Ӯ ҷинси он, ризқ, аҷал, амал ва хушбахт ва ё бадбахт будани он кӯдакро медонад. 4. Касе намедонад, ки фардо чи ба даст меорад аз хайр бошад ва ё шарр, ризқи кам бошад ва ё бисёр. 5. Касе намедонад, ки аҷали ӯ дар кадом сарзамин аст, магар Аллоҳ. Илми Аллоҳ таъоло ба ин корҳо ва ғайри он аз илми яқин ва комил аст, ки он мувофиқи ҳодисаҳост. Ва ҳам мумкин нест, ки он гумон ва ё хато бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٨_١١-٢٩-٣٤.jpg | Download |
ИЛМИ ҒАЙБ - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device