ИДДАИ ЗАН - Забони Тоҷикӣ
عدة المرأة ИДДАИ ЗАН Идда ин нтизории зан баъди ҷудоӣ аз шавҳар бо сабаби вафот ё талоқ ё халъ ва ё фасх аст. Бинобарин издивоҷи он зан ҷоиз нест, магар баъди ба охир расидани муддати идда. Ҳукми идда ба ҳар зани талоқшуда воҷиб аст. Далел қавли Аллоҳ таъоло аст, ки фармуд: “Ва...
ИДДАИ ЗАН - Забони Тоҷикӣ
عدة المرأة
ИДДАИ ЗАН
Идда ин нтизории зан баъди ҷудоӣ аз шавҳар бо сабаби вафот ё талоқ ё халъ ва ё фасх аст. Бинобарин издивоҷи он зан ҷоиз нест, магар баъди ба охир расидани муддати идда. Ҳукми идда ба ҳар зани талоқшуда воҷиб аст. Далел қавли Аллоҳ таъоло аст, ки фармуд: “Ва он занон, ки ба онҳо талоқ дода шуд, бояд нафси худро то се ҳайз ё се туҳр интизор кунанд”. Бақара:228. Ва ҳам ба зане, ки шавҳараш вафот кардааст, интизории идда воҷиб аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва касоне, ки аз шумо бимиранд ва занонро бигузоранд, бояд ки занони худро чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор кунонанд”. Бақара:234. Ва бар зане, ки дар идда аст, воҷиб аст ки дар хонаи шавҳараш бимонад. Бар ӯ ҷоиз нест, ки аз хона берун шавад, магар дар ҳолати зарурот. Ин масъала чанд ҷониб дорад. Иддаи зани бевае, ки шавҳараш вафот кардааст, агар ҳомила бошад, пас иддаи ӯ ҳамон вақти ҳамлаш аст ва бо таваллуд кардан муддати иддааш ба поён мерасад. Ва агар ҳомила набошад, пас муддати иддааш чаҳор моҳу даҳ рӯз аст. Иддаи зани талоқшуда агар ҳайз бинад, муддати иддааш се ҳайз ва ё се туҳр аст. Ва агар вақти муайяне аз ҳайз монд, пас муддати иддааш се ҳайз аст. Лекин агар ҳайз намедид, пас муддати иддааш се моҳ аст, агарчи ӯ хурдсол бошад ва ё калонсол. Ва агар зан ҳомила буд, пас муддати иддааш ҳамон вақти ҳамлаш аст, ки бо таваллуд кардан муддати иддааш ба поён мерасад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٩_١٥-٤٥-٢١.jpg | Download |
ИДДАИ ЗАН - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device