
ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
البعث بعد الموت حق ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ Аллоҳ таъоло фармуд: "Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард". Қиёмат:3. Яъне, ӯро дигар бора ба офариниши нав намеофаринем? Мусалмон бояд ба омадани аҷали муайяншуда имон дошта бошад. Оне, ки бори аввал...
ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
البعث بعد الموت حق
ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ
МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
Аллоҳ таъоло фармуд: "Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард". Қиёмат:3. Яъне, ӯро дигар бора ба офариниши нав намеофаринем? Мусалмон бояд ба омадани аҷали муайяншуда имон дошта бошад. Оне, ки бори аввал ба мо ҳаёт бахшид, метавонад онро бори дуввум ато фармояд, зеро Ӯ Қодир ба халқи махлуқот аст. Ва ин далел ба қудрати зинда кардан баъд аз миронидан аст. Зинда шудани замин ё наботот далел барои зинда шудан баъд аз миронидан аст ва ҳам ҳикмат ва адли Худовандист, ки барои мукофот ва ҷазо мардумро зинда мегардонад. Имон ба рӯзи қиёмат, дар нафси шахси муъмин сабр, ризоият, авф аз зулм ва қабули узрро зинда мекунад. Ва инсонро аз муҳаббати дунё дур гардонда ғофилонро аз ғафлаташон огоҳӣ медиҳад ва золимонро ба ваҳшат меандозад.. Имон ба рӯзи қиёмат, зинда шудан аз қабр, ҳисоб, савоб, азоб, рукне аз аркони дин ва ҷузъе аз ақидаи солим аст. Ба ҳар як мусалмон ҷоиз нест, ки ба омадани рӯзи қиёмат шакке дошта бошад. Аллоҳ дар бисёр оятҳои Қуръон ба омадани рӯзи қиёмат хабар додааст, лекин илми он ва дар кадом вақт воқеъ шуданаш танҳо дар назди Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ инкоркунандаҳои рӯзи қиёматро ба бозгашти бад хабар додааст. Аллоҳ фармуд: "Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шудааст, назди Мост". Сураи Қоф:4.
Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират некӣ марҳамат намо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٥-٥٩-٢١.jpg | Download |

ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025