
ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР
دعاء الصائم عند الإفطار ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР Дар шариъат дуо кардан баъди ибодатҳо асли бузурге дорад. Ба мисли дуои баъди намозҳо ва баъди азон ва дуо дар маносики ҳаҷ ва инчунин дар вақти ифтор. Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим бисёр дуоро зикр кардааст. Аз он дуоҳо дар...
ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР
دعاء الصائم عند الإفطار
ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР
Дар шариъат дуо кардан баъди ибодатҳо асли бузурге дорад. Ба мисли дуои баъди намозҳо ва баъди азон ва дуо дар маносики ҳаҷ ва инчунин дар вақти ифтор. Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим бисёр дуоро зикр кардааст. Аз он дуоҳо дар ояти рӯза чунин фармудааст:
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُواْ لِي وَلْيُؤْمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُون سورة البقرةَ
“Ва чун бадагони ман дар бораи ман туро бипурсанд, пас ҳамоно ман наздикам, дуои дуокунандаро чун дуо кунад, қабул мекунам, пас бояд, ки онҳо барои ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд, ки ба ман бигараванд, то бошад, ки роҳ ёбанд”. Бақара:186.
Ин далолат бар он мекунад, ки дуо дар моҳи мубораки Рамазон аҳмияти бузурге дорад. Ва дуо кардани шахси рӯзадор дар вақти ифтор суннат аст, ки чунин дуо мекунад:
ذَهَبَ الظَّمأُ وابتلَّتِ العُروقُ وثبَتَ الأجرُ إن شاءَ اللَّهُ
“Заҳабаз замъу вабталлатил уруқу ва сабатал аҷру иншоаллоҳ”.
“Ташнагӣ ва хастагӣ бартараф шуд ва рагҳо беҳбудӣ ёфт ва ба хости Аллоҳ аҷру савоб ҳосил гардид”.
Ва аммо дуои машҳуре, ки дар байни мардум паҳн гаштааст:
اللهم لك صمت وعلى رزقك أفطرت وبك آمنت وعليك توكلت
“Аллоҳумма лака сумту ва ало ризқика афтарту ва бика оманту ва алайка таваккалту”. Абудовуд.
Ин ҳадис мурсал аст, яъне заъиф мебошад. Аллоҳ таъоло Доност.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device