
ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
عشر ليالي شهر ذوالحجة ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА Аз фазли Аллоҳ таъоло ба бандагонаш ин аст, ки барои тоату ибодати Ӯ таъоло мавсимҳое падид овардааст, ки дар он ҳасанот ва аҷру савоб афзун мегардад. Онон дар ин рӯзҳо бо ҳам мусобиқа мекунанд, то ба Парвардигорашон наздик шаванд....
ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
عشر ليالي شهر ذوالحجة
ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
Аз фазли Аллоҳ таъоло ба бандагонаш ин аст, ки барои тоату ибодати Ӯ таъоло мавсимҳое падид овардааст, ки дар он ҳасанот ва аҷру савоб афзун мегардад. Онон дар ин рӯзҳо бо ҳам мусобиқа мекунанд, то ба Парвардигорашон наздик шаванд. Яке аз ин мавсимҳои бофазилат даҳ шаби аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Аллоҳ таъоло фазлу карами Худро ба он шабҳо гузоштааст, то бандагон икром карда шаванд. Дар он даҳ рӯз рӯзи Тарвия, рӯзи Арафот ва рӯзи иди Қурбон аст. Ва ин даҳа дар назди Аллоҳ таъоло аҳмияти калон дорад, ки Аллоҳ қасам хӯрда чунин фармудааст: “Қасам ба сӯбҳ ва қасам ба шабҳои даҳгона”. Ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар фармуданд: “Ин рӯзҳо, яъне даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа аз афзалтарин рӯзҳои дунё аст”. Абу Усмонӣ Наҳдӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: “Саҳобагон се даҳаро бузург медонистанд; Даҳаи охири моҳи Рамазон, даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва даҳаи аввали моҳи Муҳаррам”. Пас мо бояд чигуна ин рӯзҳоро истиқбол бигирем? Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳеҷ рӯзе нест, ки амалҳои солеҳи он дар назди Аллоҳ таъоло маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад, (яъне даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа). Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуданд: “Ва на ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар ин ки марде бо ҷон ва молаш дар роҳи Аллоҳ аз хона берун мешавад ва ҳеҷ яке аз инҳоро барнагардонад”. (Бухорӣ). Пас аз чизҳое, ки дар ин рӯзҳо таъкид шудааст: 1. Рӯза гирифтан ин рӯзҳо, магар рӯзи ид. 2. Рӯза рӯзи Арафа, ки кафорати гуноҳони дусола аст. 3. Зикри Аллоҳ таъоло ва такбир гуфтан. 4. Қурбонӣ кардан. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳаҷҷи қабул подоше надорад, магар ҷаннат”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٠١.jpg | Download |

ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025